Tajik

Luke

19

1ВА Ӯ ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он мегузашт.2Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватдор буд,3Мехост Исоро бубинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисьёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд.4Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бубинад, чунки Ӯро лозим буд аз пешн он бигзарад.5Вакте ки Исо ба он ҷо расид, назар афканда, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фурӯд ой, зеро ки имрӯз Маро лозим аст дар хонаат бимонам».6Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазирой намуд.7Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ӯ дар ҳонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст.8Аммо Заккай барҳоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофоиа гприфта бошам, чор баробар подош медиҳам».9Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба пн ҳона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст;10«Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад».11Вакте ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд: зеро ки Ӯ дар наздикин Ерусалпм буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Малакути Худо ба зуҳур ояд.12Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахсе аз ашроф ба кишвари дурдаст мерафт, то ки салтанате ба даст оварда, баргардад;13«Ва даҳ нафар ғуломоиашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино дод ва ба онҳо гуфт: "Бо ин пул то вақти гашта омаданам доду муомила кунед".14«Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигӯяд: "Намеҳоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад".15«Ва ҳангоме ки вай салтанатро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст.16«Якумин омада, гуфт; "Эй оғо! Як минои ту даҳ мино фоида овард".17«Ба ӯ гуфт: "Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизк андак мӯътамад будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав".18«Дуюмин омада, гуфт: "Эй оғо! Як минои ту панҷ мино фоида овард".19«Ба ӯ низ гуфт:?Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав".20«Сеюмин омада, гуфт: "Эй оғо! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам;21"Зеро ки ман аз ту тарсидам, чунки шахси сахтгир ҳастӣ: он чи нагузоштай, мегирӣ, ва он чи накоштаӣ, медаравӣ".22«Ба ӯ гуфт: "Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи шарир! Ту медонистӣ, ки ман шахси сахтгир ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам;23«Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш бигирам?"24«Ва ба ҳозирон фармуд: "Он миноро аз ӯ гирифта, ба он ки даҳ мино дорад, бидиҳед".25«Ба ӯ гуфтанд: "Эй оғо! Ваӣ даҳ мино дорад".26"Ба шумо мегӯям, ки ҳар кй дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;27"Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳй кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед"».28Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Ерусалнм равоиа шуд.29Ва чун ба БайтФоҷӣ ва Байт-Ҳинӣ, ки бар кӯҳи Зайтун аст, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода,30Ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, биравед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред;31«Ва агар касе аз шумо пурсад: "Чаро воз мекунед?" - ба вай бигӯед: "Худованд ба он эҳтиёч дорад"».32Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.33Вақте ки онҳо курраро воз мекардаид, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?»34Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтпёҷ дорад».35Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор кардаид.36Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд.37Вақте ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наэдик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шодикуион бо оволи баланд Худоро барои ҳамаи мӯъҷизаҳое ки дида буданд, ҳамду сано карда,38Мегуфтанд: «Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд! Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»39Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Шогирдони Худро манъ кун».40Дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард».41Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохга, ба ҳоли он гирьен шуд42Ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ииҳои аст;43«Зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард,44«Ва туро, ва фарзаидонатро дар дохили ту, ба хок яксон ҳоҳанд кард, ва дар ту санге бар саиге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақтн тафаққуди ҳудро надонистй».45Ва ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд,46Ва ба опҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодат аст", аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».47Ва ҳар рӯз дар маъбад таълим медод. Аммо саркоҳинон ва китобдонон ва пирони кавм касд доштанд, ки Ӯро нобуд кунанд,48Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба суханоии Ӯ гӯш медоданд.