Tajik

Luke

20

1ДАР яке аз рӯзҳое ки Ӯ мардумро дар маъбад таълим ва башорат медод, саркоҳинон ва китобдонон бо пирон омада,2Ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки бо кадом кудрат Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин кудратро ба Ту додааст?»3Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман бигӯед:4«Таъмиди Яҳьё аз осмон буд ё аз инсон?»5Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имок наовардед?"6«Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд", тамоми қавм моро сангсор хоҳанд кард, зеро яқин дорапд» ки Яҳьё набӣ буд».7Ва дар ҷавоб гуфтанд: «Намедонем аз куҷо буд».8Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам».9Ва ба мардум чунин масалеро гуфт: «Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дуру дарозе сафар кард;10«Ва чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то ки аз меваи токзор ба вай бидиҳанд; лекин токдоррн вайро зада, тиҳидаст равона карданд.11«Ва ӯ ҳизматгори дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, тиҳидаст фиристоданд.12«Ва ӯ боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ ярадор карда, бадар ронданд.13«Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: "Чӣ кунам?Писаримаҳбуби худро мефиристам; шояд, ӯро дида, шарм кунанд".14«Лекин токдорон чун ӯро диданд, бо ҳамдигар маслиҳат карда, гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то ки мерос аз они мо шавад".15«Ва ӯро аз токзор бароварда, купгтанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ хоҳад кард?16«Вай омада, он токдоронро ба марг маҳкум ҳоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд». Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд: «Ҳошо ва калло!»17Аммо Ӯ ба онҳо назар андохта, гуфт: «Маънои ин суханоне ки навишта шудааст, чист: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид"?18«Ҳар кй бар он санг афтад, порапора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро маҷақ кунад».19Саркоҳинон ва китобдонон қасд доштанд, ки дар ҳамон дам Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд, зеро донистанд, ки ин масалро Ӯ дар ҳаққи онҳо гуфта буд.20Ва Ӯро дар зери назорат гирифта, айёронро фиристоданд, то ки онҳо худро одил нишон дода, Ӯро аз суханаш афтонанд ва ба қудрат ва ихтиёри ҳоким таслим кунаид.21Ва онҳо ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳаққи гапро мегӯӣ ва меомӯзӣ, ва рӯбинӣ намекунӣ, балки тариқи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ;22«Оё ба қайсар ҷизья додани мо ҷоиз аст, ё не?»23Вале Ӯ макри онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро Маро меозмоед?24«Диноре ба Ман нишон диҳед: сурат ва рақами рӯи он аз они кист?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они қайсар».25Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо».26Ва Ӯро пеши мардум аз суханаш афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат афтода, хомӯш монданд.27Ва баъзе аз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:28«Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе бимирад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад.29«Ва инак, ҳафт бародар буданд: якумин зан гирифт ва фарзанде ба дуньё наоварда, мурд;30«Ва он занро дуюмин гирифт, вале ӯ низ фарзанде ба дуньё наоварда, мурд;31«Баъд вайро сеюмин гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумин, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд;32«Баъд аз ҳама зан низ мурд.33«Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки хар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».34Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Фарзандони ин дуньё зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд;35«Лекин онҳое ки сазовори расидан ба он дуньё ва ба эҳьёи мурдагон бишаванд» на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд,36«Ва дигар бор наметавонанд бимиранд, зеро ки онҳо ба фариштагон баробаранд, ва азбаски писарони қиёмат ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд.37«Ин ки мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст.38«Ва Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро ки пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд».39Баъзе аз китобдонон инро шунида, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Нағз суҳан рондӣ».40Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ӯ чизе бипурсанд. Ва Ӯ ба онҳо гуфт:41«Чӣ сон мегӯянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст?42«Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: ба ямини Ман бинишин,43"То душманони Туро зери пои Ту андозам".44«Инак, Довуд Ӯро Худованд мехонад; пас чӣсонӮ писари вай будааст?»45Ва дар сурате ки тамоми мардум гӯш мекарданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт:46«Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;47«Онҳо, ки ҳонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама саҳттар маҳкум ҳоҳанд шуд».