1ВА Ӯ назар андохта, сарватдоронро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд;2Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду фулус дар он андохт,3Ва Ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбагал аз ҳама бештар андохт;4«Зеро ки ҳамаи онҳо аз зиедатии худ ҳадия барои Худо андохтанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми нафақаеро, ки дошт, андохт».5Вақте ки баъзе касон дар бораи маъбад сухан ронда, гуфтанд, ки он бо сангҳо ва инъомҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ӯ гуфт:6«Айёме меояд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге наҳоҳад монд; хамааш хароб хоҳад шуд».7Аз Ӯ пурсиданд: «Эй Ӯстод! Ин кай воқеъ мешавад? Ва аломати ба вуқӯъ омадани ин чӣ гуна аст?»8Гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки шуморо дар иштибоҳ наандозанд; зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам; ва он вақт наздик аст. Аз ақиби онҳо наравед.9«Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошӯбҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд аввал воқеъ шавад; лекин дарҳол интиҳо намеёбад».10Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард;11«Ва дар ҳар ҷо зилзилаҳои азим, ва қаҳтию вабоҳо, ва ҳодисоти пурдаҳшат ва аломоти бузург аз осмон ба амал хоҳад омад.12«Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дасти тааддӣ дароз хоҳанд кард ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо ҳоҳанд супурд ва ба хотири исми Ман назди подшоҳону ҳокимон хоҳанд бурд;13«Ва ин ба шумо барои шаҳодат хоҳад буд.14«Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакй андеша накунед, чй ҷавоб бояд бидиҳед.15«Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонапд на зиддияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигӯянд.16«Ва шуморо падару модарон, ва бародарон, ва хешовандон, ва дӯстон таслим хоҳанд кард. Ва баъзеи шуморо ба қатл хоҳанд расонд;17«Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт.18«Лекин мӯе аз сари шумо талаф нахоҳад шуд.19«Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод.20«Ҳар гоҳ бубинед, ки аскарон Ерусалимро иҳота кардаанд, бидонед, ки харобии он наздик шудааст;21«Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кй дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд,22«Чунки ин айёми интиқом аст, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст.23«Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём; зеро ки мусибати бузурге бар замин рӯй дода, ин қавм гирифтори ғазаб хоҳанд шуд:24«Ва ба дами щамшер хоҳанд афтод, ва дар миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ хоҳанд рафт; ва Ерусалим поймоли ғайрияҳудиён хоҳад шуд, то даме ки даврони ғайрияҳудиён ба анҷом расад.25«Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд;26«Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки кувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд.27«Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо кудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд.28«Вақте ки ба амал омадаии ин чизҳо оғоз шавад, бархоста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд».29Ва ба онҳо масале гуфт: «Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед:30«Вақте ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст;31«Ҳамчунин, вакте ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, бидонед, ки Малакути Худо наздик аст.32«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд;33«Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.34«Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд;35«Зеро ки он, монанди доме, бар ҳамаи сокинони тамоми рӯи замин хоҳад омад;36«Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед».37Рӯзҳо Ӯ дар маъбад таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард.38Ва тамоми мардум бомдодон назди Ӯ ба маъбад барои шунидани суханонаш меомаданд.