Tajik

Luke

5

1БОРЕ, вақте ки мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то ки каломи Худоро гӯш кунанд, ваӮ дар канори кӯли Ҷинесор истода буд, -2Ду қаиқро дид, ки дар кӯл истода буданд, ва сайёдони моҳӣ аз онҳо берун омада, тӯрҳои худро шустушӯй мекарданд.3Ба яке аз қаиқҳо, ки аз они Шимъӯн буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ӯ дар қаиқ нишаста, мардумро таълим медод.4Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъӯн гуфт: «Ба чуқуроб бирон, ва тӯрҳои худро барои сайд андозед».5Шимъӯн дар ҷавоби Ӯгуфт: «ЭЙ Ӯстод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам».6Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайдкарданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон кафида равад.7Ва ба рафиқони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорат карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду қаиқро пур карданд, ба тавре ки қариб буд зери об раванд.8Шимъӯни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт: «Худовандо! Аз пепш ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам».9Зеро ки вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳиёне ки ба даст оварда буданд, дар даҳшат афтоданд,10Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанко, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъӯн буданд. Ва Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс; минбаъд одамонро сайд хоҳӣ кард».11Ва ҳар ду қаиқро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз ақиби Ӯ равона шуданд.12Вакте ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад ва, чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунй».13Ӯ дасти Худро дароз карда, вайро Ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.14Ва Ӯ ба вай таъин кард, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба кохин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то ба онҳо шаҳодате гардад.15Аммо овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ӯ ҷамъ меомаданд, то ки каломашро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд.16Ва Ӯ ба ҷойҳои хилват мерафт ва дуо мегуфт.17Рӯзе аз рӯзҳо, вақге ки Ӯ таълим медод, вафарисиён ва муаллимони шариат аз тамоми деҳоти "Ҷалил ва аз Яҳудо ва Ерусалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва куввати Худованд дар шифо доданаш зоҳир мешуд, -18Инак, якчанд кас марди мафлуҷеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ӯ бигузоранд,19Вале ба сабаби бисьёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёнаи хона пеши Исо поён фуроварданд.20Ва Ӯ имони онҳоро дида, гуфт: «Эй одамизод, гуноҳҳои ту омурзида шуд».21Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Ин кист, ки куфр мегӯяд? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?»22Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо дар дили худ чй андешаҳо доред?23«Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтаки он ки "бархез ва равона шав"?24«Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин кудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад» - ба мафлуҷ гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».25Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархост, бистари худро бардошт ва, Худоро сипоскунон, ба хонаи худ равона шуд.26Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибе дидем».27Баъд аз ин Ӯ берун рафта, Левй ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё».28Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз паи Ӯравона шуд.29Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ӯ зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар дар он ҷо буданд, ва онҳо бо Ӯ назди суфра нишастанд.30Китобдонон ва фарисиён норизогӣ баён намуда, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯред ва менӯшед?»31Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;32«Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».33Ба Ӯ гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё бисьёр рӯза медоранд ва дуо мегӯянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?»34Ба онҳо гуфт: Юё метавонед аҳли кӯшки никоҳро, модоме ки домод бо онҳост, ба рӯзадорӣ водор намоед?35«Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ, дар он айём рӯза хоҳанд дошт».36Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, бар ҷомаи кӯҳна ямоқ намемонад; вагар на, ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд.37«Ва ҳеҷ кас шароби навро дар машки кӯҳна намеандозад; вагар на шароби нав машкро дарида, ҳам худаш мерезад, ва ҳам машк талаф мешавад;38«Лекин шароби навро дар машки нав андохтан ло~ зим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд.39«Ва ҳеҷ кас шароби кӯҳнаро нӯшида, дарҳол навашро талаб намекунад, зеро ки мегӯяд: шароби кӯҳна хуб аст».