1ЯК рӯзи шанбе чунин воқеъ шуд, ки Ӯ аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ӯ хӯшаҳоро мечиданд ва ба каф молида, мехӯрданд.2Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар шанбе раво нест?»3Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чй кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?4«Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хӯрд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ва ҳол он ки хӯрдани он раво набуд, ҷуэ барои коҳикон?»5Ва ба онҳо гуфт: «Пясари Одам оғои шанбе низ мебошад».6Як рӯзи шанбеи дигар Ӯ ба куништ даромада,таълим медод, ва дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд.7Китобдонон ва фарисиён аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки аибе ба гардани Ӯ бор кунанд.8ВаӮ андешаҳои онҳоро пай бурда, ба марди дастхушк гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо биист». Вай бархост ва истод.9Ва Исо ба онҳо гуфт: «Аз шумо мепурсам, ки дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?»10Ва ба ҳамаи онҳо назар афканда, ба он мард гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд.11Аммо онҳо бисьёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар муҳокима мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд.12Дар он айёмӮ барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.13Вақте ки чашми рӯз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳаввориёнро дод, ки инҳоянд:14Шимъӯн, ки ӯро Петрус номид, вабародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филлиппус ва Барталмо,15Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯн, ки лақабаш Ғаюр буд,16Яҳудо ибни Яъкуб ва Яҳудои Исқарьют, ки баъдтар таслимкунандаи Ӯ шуд.17Ва бо онҳо фурӯд омада, бар ҷои ҳамворе истод, ва шумораи зиёди шогирдонаш ва мардуми бисьёре аз тамоми Яҳудо па Ерусалим ва аз соҳили Сӯр ва Сидӯн ҷамъ омаданд,18То ки каломи Ӯро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифторони арвоҳи палид буданд; ва шифо меёфтанд.19Ва тамоми издиҳом саъю кӯшиш мекарданд, ки Ӯро ламс намоянд, чунки куввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид. Мавъизаи Исо: Аҳкоми хушбахтӣ.20Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост.21«Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳед шуд. Хушо шумо, ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд.22«Хушо шумо, вакте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд.23«Дар он рӯз шодй кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор карда буданд.24«Бар акси ин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватдорон! Зеро ки шумо аллакай тасаллои худро ёфтаед.25«Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гирья хоҳед кард.26«Вой бар ҳоли шумо, вакте ки тамоми мардум щуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб ҳамин тавр рафтор карда буданд.27«Лекин ба шумо, эй шунавандагон,мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, ба нафраткунадагони худ некй кунед,28«Барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гӯед.29«Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай бигардон; ва ҳар кй ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав.30«Ҳар кӣ аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ, ва ҳар кӣ чизи туро бигирад, гашта доданашро талаб накун.31«Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед.32«Ва агар касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ дӯстдорандагони худро дӯст медоранд.33«Ва агар ба касоне некӣ кунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ чунин мекунанд.34«Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд.35«Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носилосон ва бадон меҳрубон аст.36«Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст.37«Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум наҳоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд;38«Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби чунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд».39Ва масале низ ба онҳо гуфт: «Оё метавонад кӯре ба кӯри дигар роҳнамой кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд?40«Шогирд аз муаллими худ авло нест; аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд.41«Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?42«Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гӯй: "Эй бародар! Иҷозат деҳ хасро аз чашми ту дур кунам", дар сурате ки чӯбро дар чашми худ намебинӣ? Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.43«Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад; ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошад.44«Зеро ки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; чунки аз буттаи олуча анҷир намегиранд, ва аз мушхор ангур намечинанд.45«Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шаҳси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд.46«Чаро Маро "Худовандо! Худовандо!" мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред?47«Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад} ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст:48«Вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чукур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт, ва ҳангоме ки сел омада, оби наҳр он ҳонаро зер кард, онро аз ҷояш чунбонда натавонист, чунки бар санг бино шуда буд.49«Лекин ҳар кӣ бишнавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рӯи хок бе таҳкурсӣ бино кард, ва ҳангоме ки оби наҳр онро зер кард, дарҳол фурӯ рафт, ва харобии он хона бузург буд».