Tajik

Luke

7

1ВАҚТЕ ки Ӯ ҳамаи суханони Худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд.2Ғуломи якмирисад,ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд.3Вай овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада ғуломи вайро шифо диҳад.4Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисьёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунй,5«Зеро ки вай қавми моро дӯст медорад ва барои мо куништ иморат кард».6Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ;7«Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане бигӯ, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт;8«Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: "Еирав", меравад; ба дигаре мегӯям: "Биё", меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: "Фалон корро бикун", мекунад».9Исо ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ӯмерафтанд, рӯ гардонда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтаам».10Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд.11Баъд аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин номдорад; ва бисьёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд.12Вақте ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд.13Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гирья накун».14Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез».15Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд.16Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст».17Ин ақида дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.18Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд.19Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дшаре бошем?»20Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем: "Оё Ту Ҳамон ҳастй, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?"»21Дар ҳамон вақт Ӯ бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кӯрони бисьёрро биноӣ бахшида буд.22Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳьё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад;23«Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».24Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад?25«Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагй мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд.26«Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набй? Оре, ба шумо мегӯял1, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст.27«Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: "Инак, Ман косиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад".28«Зеро ки ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст».29Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирифта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд.30Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд.31Ва Худованд гуфт: «Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кй монандй доранд?32«Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар кӯча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегӯянд: "Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед".33«Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на шароб менӯшад; ва шумо мегӯед: "Вай дев дорад".34«Писари Одам омад, кя мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: "Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти бочгирон ва гунохкорон аст".35«Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд».36Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вайхӯрок хӮрад; на Ӯба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст.37Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисй назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард;38Ва аз қафо назди пойҳои Ӯ истода, гирьякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, бо равғани атрафшон тадҳин кард.39Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун ннро дид, дар Дили худ гуфт: «Агар Ӯ набй мебуд, медонист, ки вай кист ва чй гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад,зеро ки вай гуноҳкор аст».40Исо ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй Шимъӯн! Ба ту чизе гуфтанй ҳастам». Гуфт: «Бигӯй, эй Ӯстод».41Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт.42«Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?»43Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касеки ба вай ӯ бештар бахншдааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ».44Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинй? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодй; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид.45«Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақги омаданам ин ҷониб, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад.46«Ту сари Маро бо равғани зайтун тадҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон тадҳин кард.47«Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисьёри вайомурэида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст».48Ва Ӯ ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят омурзида шудааст».49Онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?»50Ӯ ба он зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав».