Tajik

Mark

1

1ИБТИДОИ Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,2Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: «Инак, Ман косиди Худро пешолеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайе кунад».3«Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайер кунед, тариқи Ӯро рост кунед».4Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзипщ гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.5Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Ӯрдун аз вай таъмид меёфтанд.6Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд.7Ва мавъиза карда, мегуфт: «Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, даволи пойафзоли Ӯро воз кунам,8«Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳад дод».9Дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Ӯрдун аз Яҳьё таъмид ёфт.10Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад.11Ва овозе аз осмон даррасид: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст».12Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд.13Ва Ӯ чиҳил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо даррандагон рӯз мегузаронд, ва фариштагон Ӯро парасторӣ мекарданд.14Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард,15Ки вакт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред».16Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд.17Ва Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».18Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд.19Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тӯрҳои худро таъмир мекунанд,20Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд.21Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шакбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурӯъ намуд.22Ҳама аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.23Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт:24«Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, киТукистӣ, эй Қуддуси Худо!»25Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!»26Рӯҳи палид вайро ба ларза андоҳта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд.27Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»28Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.29Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд.30Модарарӯси Шимъӯн дар ҳолати табларза хобида буд; ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.31Ва Ӯ наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.32Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ӯ оварданд.33Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.34Ва Ӯ бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонкстанд.35Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.36Шимъӯн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ӯ шитофтанд;37Чун Ӯро ефтанд, гуфтанд: «Ҳама Туро меҷӯянд».38Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам».39Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.40Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро лок кунӣ».41Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!»42Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест пхуду вай пок гардид.43Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд44Ва ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе чизе магӯ, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, такдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».45Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ӯ дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр, дар ҷойҳои хилват рӯз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд.