1ПАС аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст.2Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт.3Ва назди Ӯ бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;4Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.5Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».6Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,7Ки « чаро Ӯ ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?»8Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?9«Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтани он ки "бархез, бистари худро бардор ва равона шав"?10«Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», - ба мафлуҷ гуфт:11«Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».12Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд: «Мисли инро ҳаргиз надидаем».13Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод.14Ҳангоми рафтанаш Левй ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.15Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд.16Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?»17Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Маномадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».18Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медопгтанд. Ва назди Ӯ омада гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?»19Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд;20«Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рӯза хоҳанд дошт.21«Ҳеҷ кас ба ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.22«Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад; шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст».23Ва чунин воқеъ шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хӯшачинй сар карданд.24Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Бубин, онҳо дар рӯзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?»25Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёчмандй чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд?26«Чӣ гуна вай дар айёми Абьётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?»27Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе;28«Бинобар ин Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».