Tajik

Mark

3

1ВА боз ба куништ даромад; дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт.2Ва аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд вайро дар рӯзи шанбе шифо дихад, то ки Ӯро айбдор кунанд.3Пас ба марди дастхушк гуфт: «Дар миёнҷо биист».4Ва ба онҳо гуфт: «Дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст - некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» Лекин онҳо хомӯш монданд.5Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.6Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.7Лекин Исо бо шогирдонаш сӯи баҳр омад, ва мардуми бисьёре аз Ҷалил ва Яҳудо аз паи Ӯ равона шуданд,8Ва аз Ерусалим, Адӯм ва он тарафи Ӯрдун ва аз музофоти Сӯр ва Сидӯн издиҳоми бузурге, чун амалиёти Ӯро шуниданд, назди Ӯ омаданд.9Ва ба шогирдони худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом қаиқе барои Ӯ муҳайё бошад, то ки Ӯро фишор надиҳанд.10Зеро бисьёр касонро Ӯ шифо дода буд, бинобар ин ҳар киро захме буд, назди Ӯ мешитофт, то Ӯро ламс кунад.11Ва арвоҳи палид, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтоданд ва фарьёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ».12Лекин Ӯ онҳоро сахт таъкид мекард, ки Ӯро шӯҳрат надиҳанд.13Пас аз он бар фарози кӯҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд, онҳо назди Ӯ омаданд.14Ва дувоздаҳ нафарро таъин кард, ки ҳамроҳи Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои мавъиза фиристад,15Ва онҳоро қудрати он бошад, ки беморонро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд.16Ва таъин кард Шимъӯнро, ки Петрус ном ниҳод;17Ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Бӯнарҷис, яъне «писарони раъд» ном ниҳод;18Ва Андриёс ва Филиппус ва Барталмо ва Матто ва Тумо ва Яъкуб ибни Ҳалфой ва Таддо ва Шимъӯни Қанно19Ва Яхудои Исқарьютро, ки Ӯро таслим кард.20Ва чун ба хонае даромаданд, боз мардум фароҳам омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хӯрдан ҳам надощтанд.21Ва хешони Ӯ, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст.22Китобдононе ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ӯ Баал-Забул дорад ва ба воситаи калони девҳо девҳоро берун мекунад.23Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт: «Чӣ гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад?24«Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад;25«Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;26«Ва агар шайтон бар зидди худ ба қиём бархоста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки ҳалок мешавад.27«Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад, - ва пас аз он хонаи ваиро ғорат мекунад.28«Ба ростй ба шумо мегӯям: ҳамаи гуноҳҳои фарзандони одам ва ҳар гуна куфр, ки гуфта бошанд, омурзида мешавад;29«Лекин ҳар кӣ ба Рӯҳулкудс куфр гӯяд, то абад омурзида нашавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум гардад».30Зеро ки гуфтанд: «Ӯ рӯхи палид дорад».31Модар ва бародарони Ӯ омада, дар берун истоданд ва ба Ӯ касеро фиристода, Ӯро талаб намуданд.32Дар гирди Ӯ мардум нишаста буданд. Ва ба Ӯ гуфтанд: «Инак модари Ту ва бародарони Ту дар берун истода, Туро металабанд».33Ва ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Кист модари Ман ва бародарони Ман?»34Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, назар афканда, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;35«Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».