Tajik

Mark

12

1ПАС бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт: «Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.2«Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,3«Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.4«Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш карданд.5«Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро - баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.6«Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: "Аз писарам шарм хоҳанд дошт".7«Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад".8«Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.9«Пас соҳиби токзор чй хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.10«Магар ин Навиштаро нахондаед: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид:11"Ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст"?»12Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.13Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз суханаш афтонанд.14Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунй, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?»15Аммо Ӯ риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам».16Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар».17Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: <Юн чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо». Ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат монданд.18Ва саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:19«Эй Ӯстод! Мусо ба мо навиштааст: "Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад".20«Хдфт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;21«Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюм низ ҳамчунин.22«Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.23«Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».24Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?25«Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.26«Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: "Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб"?27«Ваи на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед».28Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?»29Исо ба вай ҷавоб дод: «Аввалини аҳком ин аст: "Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;30"Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамолш ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор"; аввалин аҳком ҳамин аст!31«Ва дуюмаш монанди он аст: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор"; хукми дигаре бузургтар аз инҳо нест».32Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Ӯстод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ӯ дигаре нест;33«Ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи курбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст».34Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Малакути Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.35Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт: «Чӣ сон китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?36«Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рӯҳулқудс мегӯяд: "Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»".37«Инак худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисьёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.38Ва Ӯ онҳоро таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,39«Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;40«Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама сахттар маҳкум хоҳанд шуд».41Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чй сон мардум ба ганҷнна пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд.42Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.43Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;44«Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод».