Tajik

Mark

13

1ЧӮН Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Ӯстод! Бингар, чй навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!»2Исо ба ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинй? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд».3Ва чун Ӯ бар кӯҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳой аз Ӯ пурсиданд:4«Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чй гуна аст?»5Он гоҳ Исо дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;6«Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёрро гумроҳ кунанд.7«Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекинин ҳанӯз интиҳо нест.8«Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём ҳоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо руй ҳоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошӯбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост.9«Лекин шумо ҳудро эҳтиёт кунед; зеро нгуморо ба маҳкамаҳо ҳоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна ҳоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад.10«Ва Лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми ҳалқҳо мавъиза карда шавад.11«Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро бигӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст.12«Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; вафарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳэрд расонд.13«Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кй то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.14«Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, - ҳар кӣ хонад, дарк кунад, - он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;15«Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;16«Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.17«Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!18«Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад.19«Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад нгуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд.20«Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст.21«Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: "Инак Масеҳ дар ин ҷост", ё "дар он ҷост", - бовар накунед.22«Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.23«Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.24«Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии ҳудро надиҳад.25«Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд.26«Он гоҳ ГТисари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд.27«Ва он гоҳ Ӯ фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аэ канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.28«Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;29«Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.30«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад игуд.31«Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.32«Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Ладар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар.33«Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.34«Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.35«Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон;36«Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.37«Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: "Бедор бошед"».