1ВА дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар арвоҳи палид кудрат дод, то ки онҳоро берун кунанд ва ҳар беморй ва бетобиро шифо диҳанд.2Ва номҳои дувоздаҳ ҳавворӣ ин аст: аввал Шимъӯн, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъкуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно,3Фшгиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъкуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд,4Шимъӯни Канно ва Яҳудои Исқарьют, ки Ӯро таслим кард.5Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо ҳукм дода, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед;6«Балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед;7«Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Малакути Осмон наздик аст;8«Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, мурдагонро эҳьё кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.9«Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед,10«Ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на ду пероҳан, на чоруқ ва на асо. Зеро ки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ мебошад.11«Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, суроғ кунед, ки дар он ҷо шаҳси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо бимонед;12«Вақте ки ба хонае медароед, салом бигӯед;13«Агар аҳли он хона лоиқ бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар лоиқ набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад.14«Ва ҳар кӣ шуморо қабул накунад, ва ба сухани шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, ғубори пойҳои худро биафшонед;15«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварй аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд.16«Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, мисли морон зирак ва мисли кабӯтарон содда бошед.17«Лекин аз мардум хазар кунед: зеро шуморо ба маҳкамаҳо хоҳанд супурд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорй хоҳанд кард,18«Ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад.19«Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чй бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба щумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт;20«Зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст.21«Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд;22«Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.23«Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед. Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам хоҳад омад.24«Шогирд аз муаллими худ ва ғулом аз оғои худ авло нест:25«Басанда аст, ки шогирд чун муаллими худ бошад, ва ғулом чун оғои худ бошад. Агар соҳибихонароБаал-Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чй қадар зиёдтар хоҳанд номид.26«Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи маҳфие нест, ки маълум нашавад.27«Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед.28«Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад.29«Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад;30«Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст;31«Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.32«Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард;33«Лекин ҳар кй Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард.34«Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер;35«Зеро ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш чудо кунам.36«Ва душмани одам ахди хонаи ӯ хоҳанд буд.37«Хар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё дуҳтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи Ман нест;38«Ва ҳар кӣ салиби худро намебардорад ва маро пайравӣ намекунад, лоиқи Ман нест.39«Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард.40«Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад;41«Ҳар кӣ пайғамбарро ба исми пайғамбар қабул кунад, мукофоти пайғамбарро хоҳад ёфт; ва ҳар кӣ одилро ба исми одил қабул кунад, мукофоти одилро хоҳад ёфт.42«Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як пиёла оби сард бинӯшонад, чунки исми шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мукофоти худро аз даст нахоҳад дод».