Tajik

Matthew

9

1ПАС ба қаиқ савор шуда, убур кард ва ба шаҳри Худ омад.2Ва инак, мафлуҷеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Чун Исо имони онхоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Далер бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту омурзида шуд».3Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили ҳуд гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд».4Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред?5«Зеро кадомаш осонтар аст: гуфтани ин ки "гуноҳҳои ту омурзида шуд", ё гуфтани он ки "бархез ва равона шав"?6«Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», - он гоҳ ба мафлуҷ гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва бахонаи худ равона шав».7Дарҳол бархоста, ба хонаи худ равона шуд.8Чун мардум инро диданд, ҳайрон шуданд ва Худоро3 ки ба одамизод чунин кудрате баҳшидааст, ҳамду сано хонданд.9Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгох нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.10Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари суфра нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари суфра нишастанд.11Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯстоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?»12Исо чун шунид, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд;13«Ва шумо биравед ва маънои ин суҳанро биомӯзед: "Марҳамат мехоҳам, на курбонӣ"; зеро Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».14Шогирдони Яҳьё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисьёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?»15Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, мотам дошта метавонанд? Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва он гоҳ рӯза хоҳанд дошт.16«Ва ҳеҷ кас бар ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад; зеро ямоқи нав аз ҷома ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.17«Ва шароби навро дар машки кӯҳна намеандозанд; вагар на машк дарида, шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав меандозанд, ва ҳар ду маҳфуз мемонад».18Ханӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро бар вай бигузор, ва зинда хоҳад шуд».19Исо бархоста, бо шогирдонаш аз паи вай равона шуд.20Ва инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд.21Зеро ки ба дили худ гуфт: «Агар маҳз либоси Ӯро ламс кунам, шифо меёбам».22Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Далер бош, эй дуҳтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт.23Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми навҳакунандаро дид,24Ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷобароед; зеро ки духтар намурдааст, балки хуфтааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд.25Чун мардум берун рафтанд, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархост.26Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.27Вақте ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз паи Ӯ рафта, фарьёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».28Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё имон доред, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре» Худовандо!»29Он гоҳ чашмони онҳоро ламс карда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад».30Ва чашмони онҳо кушода шуд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Зинҳор, касе аз ин огоҳӣ наёбад».31Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд.32Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девонаи гунг буд.33Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум дар ҳайрат монда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст».34Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи калони девҳо берун мекунад».35Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, Инҷили Малакутро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва заъфи мардумро шифо медод.36Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд.37Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисьёр аст, лекин коргарон кам;38«Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад».