1ДАР он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чидан ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд.2Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест».3Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?4«Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки фақат ба коҳинон раво буд?5«Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар маъбад оини шанберо риоят намекунанд ва бо вучуди он бегуноҳанд?6«Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо Шахсе ҳаст, ки аз маъбад бузургтар аст;7«Ва агар медонистед, ки "марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ" чӣ маъно дорад, бегуноҳонро мазаммат намекардед;8«Зеро ки Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».9Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад.10Ва инак, дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан ҷоиз аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд.11Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба мағоке афтаду онро гирифта набарорад?12«Пас чй қадар аз гӯсфанд одам азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некй кардан ҷоиз аст».13Он гоҳ ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вал дароз кард; ва мисли дасти дигараш сиҳат шуд.14Фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.15Лекин Исо инро дарьёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисьёре аз паи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид,16Ва ба онҳо фармоиш дод, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд,17То ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи набӣ гуфта шудааст:18"Инак Бандак Ман, ки Ӯро баргузидаам, ва Маҳ буби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Рӯҳи Худро бар Ӯ хоҳам ниҳод, то ки довариро ба халққо эълон кунад;19"Ситеза ва фиғоне нахоҳад кард, ва касе дар кӯчаҳо овозиӮро нахоҳад шунид;20"Наи хамидаро нахоҳад шикаст ва фатилаи нимсӯх таро хомӯш нахоҳад кард, то даме ки довариро ба ғалаба оварда расонад;21"Ва халқҳо ба исми Ӯ умед хоҳанд баст".22Он гоҳ девонаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд.23Ва тамоми мардум дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?»24Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат бавоситаи Баал-Забул, калони девҳо, берун мекунад».25Аммо Исо фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад.26«Ва агар шайтон шайтонро берункунад, вайбар зидди ҳуд аз ҳам ҷудо шуда бошад: пас салтанати вай чӣ гуна устувор истода метавонад?27«Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кй берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо хоҳанд шуд.28«Лекин агар Ман девҳоро бо Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Малакути Худо ба шумо омада расидааст.29«Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад?30«Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.31«Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар навъ гуноҳ ва куфр ба одамизод омурзида мешавад; лекин куфр бар зидди Рӯҳ ба одамизод омурзида нахоҳад шуд.32«Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, ба вай омурзида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидци Рӯҳулкудс сухане гӯяд, ба вай омурзида нахоҳад шуд? на дар ин олам, на дар олами оянда.33«Ё дараҳтро нек гардонед ва меваашро нек; ё дарахтро бад гардонед ва меваашро бад; зеро ки дарахт аз мевааш шинохта мешавад.34«Эй афъизодагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед? Зеро ки забон аз пурии дил сухан мегӯяд.35«Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад.36«Лекия ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб ҳоҳанд дод:37«Зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд».38Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён ба ҷавоб гуфтанд: «Эй Ӯстод! Мехоҳем аломате аз Ту бубинем».39Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли шарир ва зинокор аломате металабад: ва ба вай, ҷуз аломати Юнуси набӣ, аломате дода нахоҳад шуд;40«Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин хоҳад буд.41«Мардуми Нинве дар рӯзи доварӣ бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳанд кард, зеро ки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Юнус бузургтар аст.42«Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварй бо ин насл бархоста, онро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо Шахсе аз Сулаймон бузургтар аст.43«Вақте ки рӯҳи палид аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад;44«Он гоҳ мегӯяд: "Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам". Ва гапгта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад;45«Пас аз он рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва дохил шуда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли шарир низ ҳамин тавр хоҳад шуд».46Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд.47Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд».48Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кист бародарони Ман?»49Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;50«Зеро, ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».