Tajik

Matthew

13

1ВА ҳамон рӯз Исо аз хона берун омада, дар канори баҳр нишаст.2Ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки ӯ ба қаиқ даромада, нишаст, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.3Ва бо масалҳо чизҳои бисьёрро ба онҳо омӯхта, гуфт; «Инак, корандае барои пошидани тухм берун рафт;4«Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро хӯрданд;5«Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;6«Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва азбаски реша надошт, хушк шуд;7«Қадаре дар миёни хорҳо афтод,ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд;8«Қадаре дар хоки нағз афтод ва бор овард: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сй.9«Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»10Ва шогирдонаш омада, ба Ӯ гуфтанд: «Чаро ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯй?»11Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;12«Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда шавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз ваи он чи низ дорад, гирифта шавад;13«Аз он сабаб ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям, ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намешунаванд, ва намефаҳманд;14«Ва дар ҳаққи онҳо нубуввати Ишаъё ба амал меояд, ки гуфтааст: "Бо гӯшҳои худ хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид; бо чашмҳои худ нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид;15"Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳошон вазнин шудааст, ва чашмони худро бастаанд, мабодо бо чашмон бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дилҳо бифаҳманд ва ручӯъ кунанд, ва Ман онҳоро шифо диҳам".16«Лекин хушо чашмони шумо, ки мебинанд, ва гӯшҳои шумо, ки мешунаванд;17«Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд.18«Пас шумо маънои масали корандаро бишнавед:19«Ҳар кӣ каломи Малакутро бишнавад, ва нафаҳмад, иблис назди вай омада, он чиро, ки дар дили вай кошта щудааст, мерабояд: ин ҳамон аст, ки дар канори роҳ кошта шудааст.20«Ва кошташуда дар санглох он кас аст, ки каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад;21«Лекин дар худ реша надорад ва ноустувор аст ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтад.22«Ва кошташуда дар миёни хорҳо он кас аст, ки каломро мешунавад, лекин андешаҳои дуньёй ва ҳирси сарват каломро пахш мекунад, ва он бесамар мегардад.23«Ва кошташуда дар хоки нағз он кас аст, ки каломро мешунавад ва мефаҳмад ва бор ҳам меоварад: баъзе сад баробар, баъзе шаст ва баъзе сӣ».24Ва масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон монанди касест, ки дар киштзори худ тухми некӯ коштааст;25«Лекин вақте ки мардум дар хоб буданд, душмани вай омада, дар миёни гандум мастак пошид ва рафт;26«Чун киштзор сабзид, ва самараш ба назар намоён шуд, мастак ҳам пайдо шуд.27«Ғуломони соҳиби киштзор омада, гуфтанд: "Эй оғо! Оё дар киптгзори худ тухми некӯ накоштаӣ? Пас мастак аз куҷо пайдо шуд?"28«Вай ба онҳо гуфт: "Ин кори душман аст". Ғуломон ба вай гуфтанд: "Оё мехоҳӣ биравем ва онро чида гирем?"29«Вай гуфт: "Не, мабодо дар вақти чида гирифтани мастак гандумро ҳам аз реша биканед;30"Бигэоред, ки то вақти дарав ҳар ду бо хам нумӯ кунанд; ва дар мавсими дарав ба даравгарон хоҳам гуфт: аввал мастакро чида гиреду барои сӯзондан бандбанд кунед; лекин гандумро дар акбори ман захира кунед"».31Масали дигаре барои онҳо оварда, гуфт: «Малакути Осмон мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ коштааст,32«Ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун нумӯ кунад, аз ҳамаи наботот бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки мурғони ҳаво омада, дар шохаҳояш ошьёнамесозанд».33Ва масали дигаре ба онҳо гуфт: «Малакути Осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то ки тамоми хамир расид».34Ҳамаи инҳоро Исо ба мардум бо масалҳо баён мекард, ва бе масал ба онҳо сухан намегуфт,35То ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: "Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям".36Он гоҳ Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Масали мастаки киштзорро ба мо бифаҳмон».37Дар ҷавоби онҳо гуфт: «гКорандаи тухми некӯ Писари Одам аст;38«Киштзор ин ҷаҳон аст; тухми некӯ писарони Малакут ҳастанд, ва мастакҳо писарони иблис мебошанд;39«Ва душмане ки онҳоро кошт, иблис аст; мавсими дарав анҷоми олам аст, ва даравгарҳо фариштагонанд.40«Пас, чӣ тавре ки мастакҳоро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, анҷоми олам низ ҳамон тавр ҳоҳад шуд:41«Писари Одам фариштагони Худро ҳоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард,42«Ва онҳоро ба кӯраи оташ хоҳанд андохт; дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд.43«Он гох одилон дар Малакути Падари худ чун офтоб дурахшон хоҳанд шуд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!44«Боз Малакути Осмон монанди ганҷест, ки дар киштзор ниҳон бошад, ва онро касе ёфта, пинҳон кард, ва аз шодии он рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва он киштзорро харид.45«Боз Малакути Осмон монанди тоҷирест, ки марворидҳои хуб меҷуст,46«Ва чун як марвориди гаронбаҳо ёфт, рафта, ҳар чи дошт, фурӯхт ва онро харид.47«Боз Малакути Осмон монанди тӯрест, ки ба баҳр андохта шуд, ва ҳар навъ моҳй ба он даромад,48«Ва чун пур шуд, онро ба соҳил кашиданд ва нишаста, ҳубҳоро дар зарфҳо ҷамъ карданд, лекин бадҳоро дур андохтанд.49«Дар анҷоми олам ҳамин тавр хоҳад шуд: фариштагон берун омада, бадкоронро аз миёни одилон ҷудо мекунанд,50«Ва онҳоро ба кӯраи оташ меандозанд: дар он ҷо гирья ва ғиҷирроси дандон хоҳад буд».51Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инро фаҳмидед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Оре, Худовандо!»52Ба онҳо гуфт: «Бинобар ин ҳар китобдоне ки дар Малакути Осмон таълим ёфтааст, монанди соҳиби хонаест, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва кӯҳна берун меоварад».53Вақте ки Исо ин масалҳоро ба оҳир расонд, аз он ҷо равона шуд,54Ва ба зодгоҳи Худ омада, онҳоро дар куништҳошон таълим дод, ба тавре ки онҳо дар ҳайрат монда, мегуфтанд: «Аз куҷост дар Ӯ чунин ҳикмат ва мӯъҷизот?55«Оё Ӯ писари наҷҷор нест? Оё номи модараш Марьям нест, ва бародаронаш Яъкуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо?56«Ва ҳамаи хоҳаронаш дар байни мо намебошанд? Пас, аз куҷост дар Ӯ ҳамаи ин чизҳо?»57Ва дар ҳаққи Ӯ ба васваса меафтоданд. Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар зодгоҳи худ ва дар хонаи худ».58Ва дар он ҷо ба сабаби беимонии онҳо мӯъҷизаи бисьёр нишон надод.