1ОН гоҳ китобдонон ва фарисиён, ки аз Ерусалим буданд, назди Исо омада, гуфтанд:2«Чаро шогирдони Ту ривоятҳои муршидонро вайрон мекунанд? Зеро ки пеш аз хӯрдани нон дастҳои худро намешӯянд».3Ӯ ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Чаро шумо ҳам ба хотири ривоятҳои худ ҳукми Худоро вайрон мекунед?4«Зеро ки Худо ҳукм кардааст: "Падару модари худро иззат намо"; ва: "Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад".5«Лекин шумо мегӯед: "Ҳар гоҳ касе ба падар ё модари худ гӯяд: «Оы чи аз ман нафъ ёбӣ, ҳадия барои Худост»,6«Баъд аз он вай набояд падар ё модари худро ҳурмат кунад". Ба ҳамин тариқ шумо ҳукми Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед.7«Эй риёкорон! Ишаъё дар бораи шумо некӯ пайғом дода, гуфтааст:8"Ин мардум бо забони худ баМан наздик мешаванд ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст;9"Пас Маро бар абас парастиш мекунанд, зеро ки таълимоту аҳкоми инсониро таълим медиҳанд"».10Ва мардумро даъват намуда, гуфт: «Гӯш диҳед ва бифаҳмед:11"На он чи ба даҳон медарояд, одамро палид мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро палид мекунад».12Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: Юё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, ба васваса афтоданд?»13Дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле ки Падари Ман, ки дар осмон аст, нашинонда бошад, решакан хоҳад шуд;14Юнҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамой мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамой кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод».15Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Ин масалро ба мо фаҳмонда деҳ».16Исо гуфт: Юё шумо низ то ҳанӯз бефаҳм ҳастед?17Юё ҳанӯз дарк накардаед, ки ҳар он чи ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он хориҷ мешавад?18«Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро палид мекунад;19«Зеро ки аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯг ва куфр пайдо мешавад:20«Ин чизҳо одамро палид мекунад; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро палид намекунад».21Ва Исо аз он ҷо берун шуда, ба ҳудуди Сӯр ва Сидӯн рафт.22Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарьёдкунон ба Ӯ гуфт: «Худовандо, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Зеро ки духтарам сахт дар чанги дев аст».23Лекин Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, зеро ки аз ақиби мо фарьёд мезанад».24Дар ҷавоб гуфт: «Ман фақат барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам».25Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Худованно! Ба ман мадад кун».26Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».27Зан гуфт: «Оре, Худовандо! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз суфраи оғоёнашон меафтад, мехӯранд».28Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту бшпавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт.29Исо аз он ҷо ҳаракат карда, назди баҳри Ҷалил омад ва бар фарози кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст.30Ва мардуми бисьёре назди Ӯ бо лашон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод,31Ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд; ва Худои Исроилро ҳамду сано хонданд.32Ва Исо шогирдони Худро пеш хонда, гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро ки се рӯз боз назди Ман мебошанд ва барои хӯрдан чизе надоранд; намехоҳам онҳоро гурусна ҷавоб диҳам, ки мабодо дар роҳ бемадор шаванд».33Шогирдонаш дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин анбӯҳро сер кунем?»34Исо ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто, ва андак моҳии майда».35Пас ҷамоатро фармуд, ки бар замин бинпгинанд,36Ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифта, бо изҳори шукргузорӣ пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд.37Ва ҳама хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои бокимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд;38Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд.39Пас Ӯ мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуд ва ба ҳудуди Маҷдал омад.