1ФАРИСИЁН ва саддуқиён омаданд ва Ӯро озмуда, хоҳиш карданд, ки аломати осмонӣ ба онҳо нишон диҳад.2Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шомгоҳон шумо мегӯед: "Ҳаво хуб хоҳад шуд, чунки осмон сурх аст";3«Бомдодон мегӯед: "Имрӯз ҳаво бад ҳоҳад шуд, чунки осмой арғувонӣ ва гирифта мебошад". Эй риёкорон! Қиёфаи осмонро фарқ карда метавонеду аломоти замонҳоро наметавонед?4«Насли шарир ва зинокор аломате металабад, ва ба вай чуз аломати Юнуси набӣ дода нахоҳад шуд». Ва онҳоро тарк карда, равона шуд.5Ва чун шогирдон ба соҳили дигар убур карданд, нон гирифтанро фаромӯш карда буданд.6Исо ба онҳо гуфт: «Бохабар бошед, аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед».7Онҳо дар дили худ андешида мегуфтанд: «Ин аз он сабаб аст, ки нон нагирифтаем».8Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро дар дили худ андеша мекунед, ки нон нагирифтаед?9Юё ҳанӯз намефаҳмед ва дар хотир надоред он панҷ нон ва панҷ ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?10«Ва он ҳафт нон ва чор ҳазор нафар ва чанд сабадро, ки пур карда бардоштед?11«Чаро намефаҳмед, ки на дар бораи нон ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунед?»12Он гоҳ фаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо амр фармудааст на аз хамиртуруши нон, балки аз таълими фарисиён ва саддуқиён ҳазар кунанд.13Вақте ки Исо ба муэофоти Қайсарияи Филиппус омад, аз шогирдони Худ пурсид: «Мардум Маро, ки Писари Одам ҳастам, кӣ мегӯянд?»14Гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ, баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ, ва баъзе мегӯянд, ки Ирмиёй ё яке аз пайғамбаронӣ».15Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо Маро кӣ мегӯед?»16Шимъӯни Петрус ҷавоб дода гуфт: «Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».17Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъӯн писари Юнус, чунки башар инро ба ту зоҳир накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст.18«Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастн, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бико мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он голиб нахоҳад шуд;19«Ва калидҳои Малакути Осмонро ба ту месупорам, ва он чи ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд».20Он гоҳ ба шогирдони Худ таъин кард, ки ба ҳеҷ кас нагӯянд, ки Ӯ Исои Масеҳ аст.21Аз ҳамон вақт Исо ба фаҳмондан ба шогирдони Худ оғоз намуд, ки Ӯ бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, саркоҳинон ва китобдонон бисьёр азоб кашад, ва кушта шавад, ва пас аз се рӯз эҳьё шавад.22Ва Петрус Ӯро ба як сӯ бурда, ба эътироз кардан шурӯъ намуд: «Ҳошо Туро, эй Худованд! Ин ба Ту ҳаргиз руй нахоҳад дод!»23Аммо Ӯ баргашта ба Петрус гуфт: «Эй шайтон, аз Маи дур шав! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро ту на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ».24Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд. бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравй намояд;25«Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад;26«Ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад ва ба ҷони худ зиён расонад? Ё ки одалшзод ба ивази ҷони худ чӣ фидияе медиҳад?27«Зеро ки Писари Одам дар ҷалоли Падари Худ бо фариштагони Худ хоҳад омад, ва он вакт ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.28«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз истодагон дар ин ҷо баъзе ҳастанд, ки то Писари Одамро, ки дар Малакути Худ меояд, набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».