1БАЪД аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард,2Ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид.3Ва инак, Мусо ва Ильёс ба онҳо намоен шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд.4Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Худовандо! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс».5Ханӯз вай сухан мегуфт, ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Ӯро бишнавед».6Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисьёр тарсиданд.7Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва ҳаросон нашавед».8Ва онҳо чашмони худро кушода, ҷуз Исо касеро надидаид.9Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда,гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед».10Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Ильёс бояд аввал биёяд?»11Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Ильёс бояд аввал биёяд ва ҳама чизро соз кунад;12«Лекин ба шумо мегӯям, ки Ильёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашиноҳтанд, ва бо вай он чи ҳостанд, карданд; Писари Одам низ аз дасти онҳо уқубат ҳоҳад кашид».13Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда ба онҳо суҳан мегуфт.14Чун онҳо назди мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад,15Ва гуфт: «Худовандо! Ба писари ман марҳамат кун; вай масрӯъ аст ва саҳт азият мекашад, зеро ки худро дам ба дам дар оташ меандозад ва дам ба дам дар об;16Вайро ба шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд».17Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред».18Ва Исо ба вай амр фармуд; ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт.19Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»20Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростй ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: "Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун", он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон наҳоҳад буд;21«Лекин ин ҷинс фақат ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад».22Вақте ки онҳо дар "Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон таслим карда ҳоҳад шуд,23«Ва Ӯро хоҳанд кушт, ва дар рӯзи сеюм эҳьё ҳоҳад шуд». Ва онҳо бисьёр ғамгин шуданд.24Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони дудирҳам назди Петрус омада, гуфтанд: Юё Ӯстоди шумо дудирҳамро намедиҳад?»25Гуфт: «Оре». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе бигӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва хироҷро аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?»26Петрус баӮгуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд;27«Лекин барои он ки онҳоро ба васваса наандозем, ба соҳили баҳр рафта, қалмоқе биандоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, бигир; ва даҳонашро кушода, истатир хоҳй ёфт; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо бидеҳ».