Tajik

Matthew

18

1ДАР он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Дар Малакути Осмон кист бузургтар?»2Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт,3Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад.4«Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст;5«Ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад;6«Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта, вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.7«Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо, зеро ки вуқӯи васвасаҳо ногузир аст; лекин вой бар ҳоли касе ки сабаби васвасаҳо гардад.8«Пас, агар дастат ё поят туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки ланг ва ё шал шуда, ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ва ё бо ду по дар оташи ҷовидонй андохта шавӣ;9«Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур андоз: барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду чашм дар оташи дӯзах андохта шавй.10«Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд.11«Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо наҷот диҳад.12«Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад?13«Ва агар иттифоқан онро ёбад, ба ростй ба шумо мегӯям, барои он бештар шодӣ мекунад аз он наваду нӯҳ, ки гум нашудаанд.14«Ба ҳамин тариқ, иродаи Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин тифлон нобуд шавад.15«Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарьёфтӣ;16«Ва агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ бигир, то ки аз забони ду ё се шоҳид ҳар сухан тасдиқ шавад.17«Ва агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба калисо бигӯ; ва агар ба калисо низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту чун халқҳо ва ё чун боҷгир бошад.18«Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода хоҳад шуд.19«Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд.20«Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».21Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намонм? Оё то ҳафт бор?»22Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: "То ҳафт бор", балки то ҳафтод карат ҳафт бор.23«Аз ин рӯ Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобй кунад.24«Вақте ки ба ҳисобӣ кардан шурӯь намуд, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт.25«Чун чизе барои адои қарз надошт, оғояш амр фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд.26«Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай сачда бурд ва гуфт: "Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард".27«Ва огои он ғулом, раҳмаш омада, вайро ҷавоб дод ва қарзашро ба вай бахшид.28«Лекин чун ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: "Он қарзатро ба ман адо кун".29«Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: "Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард".30«Аммо ӯ розй нашуд, балки рафта, вайро дар зиндон андохт, то ки қарзашро адо кунад.31«Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисьёр ғамгин шуданд ва назди оғои худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд.32<Юн гоҳ оғояш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: "Эй ғуломи шарир! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, зеро ки ту аз ман илтимос карди;33"Ое туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунй, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?"34«Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад.35«Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аста бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад».