Tajik

Matthew

19

1ВАҚТЕ ки Исо ин суханонро ба анҷом расонд, аз Ҷалил баромада, ба он сӯи Ӯрдун, ба худуди Яҳудо омад.2Мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.3Ва фарисиён наздик омада ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфтанд: Юё ҷоиз аст, ки мард зани худро бо ҳар сабаб талоқ диҳад?»4Дар ҷавоби онҳо гуфт: Юе нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид?5«Ва гуфт: "Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд",6«Ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».7Ба Ӯ гуфтанд: «Пас чаро Мусо амр фармудааст, ки мард талоқномае дода, аз зан ҷудо шавад?»8Ба онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо Мусо ба шумо иҷозат додааст, ки занони худро талоқ диҳед; лекин дар ибтидо чунин набуд;9«Аммо Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ зани худро, ба чуз сабаби зино, талоқ диҳад ва дигареро никоҳ кунад, зино карда бошад; ва ҳар кй зани талоқшударо гирад, зино карда бошад».10Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Агар аҳволи мард бо занаш чунин бошад, зан нагирифтан беҳтар аст».11Ба онҳо гуфт: «На ҳама метавонанд ин каломро қабул кунанд, балки танҳо касоне ки ба онҳо ато шудааст;12«Зеро ахтаҳое ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Малакути Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад».13Дар ин вақт кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то ки дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, дуо кунад; лекин шогирдон ба онҳо монеъ шуданд.14Исо гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Осмон ба чунин касон тааллуқ дорад».15Ва дастҳои Худро бар онҳо ниҳода, аз он ҷо равона шуд.16Ва инак, яке назди Ӯ омада, гуфт: «Эй Ӯстоди Некӯ! Чӣ кори нек кунам, то ки ҳаёти ҷовидонӣ ёбам?»17Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯй? Хеҷ кас некӯ нест, чуз Худои ягона. Лекия агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, аҳкомро нигоҳ дор».18Ба Ӯ гуфт: «Кадом аҳкомро?» Исо гуфт: «Қатл накун; зино накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ;19«Падару модаратро иззат намо; ва ёри худро мисли худ дӯст бидор». _20Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам; дигар чй камбудӣ дорам?»21Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорй, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ; ва дар осмон ганҷе хоҳй ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».22Чун ҷавон ин суханро шунид, ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисьер дошт.23Ва Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Ба ростй ба шумо мегӯям, ки ба Малакути Осмон даромадани сарватдор душвор аст;24«Ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад».25Чун шогирдон инро шуниданд, бағоят дар ҳайрат шуда, гуфтанд: «Пас кй метавонад наҷот ёбад?»26Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин ба Худо ҳама чиз имконпазир аст».27Он гоҳ Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; подоши мо чӣ хоҳад буд?»28Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар умри дубора, вақте ки Писари Одам бар тахти чалоли Худ биншинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ сибти Исроил доварӣ хоҳед кард;29«Ва ҳар кӣ аз баҳри исми Ман хонаҳо, ё' бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро тарк кунад, сад чандон хоҳад ёфт ва вориси ҳаёти ҷовидонй хоҳад шуд;30«Лекин басо аввалин, ки охирин хоҳанд шуд, ва охирин - аввалин».