1«ЗЕРО Малакути Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то ки барои токзори худ коргаронро киро кунад,2«Вабо коргарон рӯзе як динорӣ паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод.3«Ва қариби соати сеюм берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд,4«Ва ба онҳо гуфт: "Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод". Ва онҳо рафтанд.5«Боз қариби соатҳои шашум ва нӯҳум берун рафта, ҳамчунин кард.6«Ва қариби соати ёздаҳум берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: "Барои чй шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед?"7«Ба вай гуфтанд: "Касе моро киро накард". Ба онҳо гуфт: "Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод".8«Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: "Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охирин то аввалин бидеҳ".9«Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.10«Онҳое ки аввалин шуда омада буданд, хаёл карданд, ки бештар хоҳанд гирифт; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд;11«Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда,12«Гуфтанд: "Ин охиромадагон як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистй".13«Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: "Эй рафиқ! Туро озор надодаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ?14«Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин мисли ту диҳам;15«Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, бикунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ?"16«Ба ин тариқа охиринҳо аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо - охкрин; зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам».17Ва ҳангоме ки ба Ерусалим мерафтанд, Исо дар аснои роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:18«Инак, мо сӯи Ерусалим меравем, ва Писари Одам ба дасти саркоҳинон ва китобдонон таслим карда хоҳад шуд, ва Ӯро ба марг маҳкум хоҳанд кард;19«Ва Ӯро ба дасти гайрияҳудиён таслим хоҳанд кард, то ки тамасхур намоянд, тозиёна зананд ва маслуб кунанд; ва дар рӯзи сеюм эҳьё хоҳад шуд».20Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.21Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Бифармо, ки ду писари ман дар Малакути Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат биншинанд».22Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».23Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро хоҳед нӯпшд, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, хоҳед ёфт; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад».24Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд.25Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронй мекунанд, ва акобирашон бар онҳо фармонраво мешаванд;26«Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад.27«Ва ҳар кӣ хоҳад дар байни шумо нахустин бошад, ғуломи шумо шавад;28«Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».29Ва ҳангоме ки онҳо аз Ериҳӯ мебаромаданд, мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ мерафтанд.30Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарьёдкунон гуфтанд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».31Мардум онҳоро ба ҳомӯш шудан водор мекарданд; лекин онҳо боз ҳам бештар фарьёд мезаданд: «Эй Худованд, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».32Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чй мехоҳед, ки барои шумо бикунам?»33Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шавад».34Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.