1ЧӮН ба Ерусалим наздик шуда, ба Байт-Фоҷии наздикӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирди Худро фиристода,2Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; ва дарҳол модахареро баста хоҳед ёфт, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред;3«Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, бигӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро хоҳад фиристод».4Ин ҳама руй дод, то ба амал ояд каломе ки бо забони набй гуфта игудааст:5"Ба духтари Сион бигӯед: «Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд»".6Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд:7Модаҳар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо афканданд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд.8Мардуми бисьёре ҷомахои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дараҳтонро бурида, бар роҳ густурданд;9Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, ҳитоб мекарданд: «Хӯшаъно ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»10Ва ҳангоме ки Ӯ ба Ерусалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ошӯб омада, мегуфтанд: «Ин кист?»11Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои Пайғамбар аз Носираи Ҷалил».12Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.13Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки "хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд"; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».14Дар маъбад назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.15Чун саркоҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ мӯъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар маъбад "ҳӯшаъно ба Писари Довуд!" гӯён хитоб мекарданд, хашмгин шуданд,16Ва ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: "Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ"?»17Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт-Ҳинй рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.18Бомдодон, вақте ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд;19Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва, ҷуэ баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк пгуд.20Шогирдон инро дида, дар тааҷҷуб монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир даррав хушк шуд?»21Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки "барҳоста, худро дар баҳр афкан", - чунин хоҳад шуд;22«Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».23Ва ҳангоме ки ба маъбад омада таълим медод, саркоҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин кудратро ба Ту додааст?»24Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам;25«Таъмиди Яҳьё аз куҷо буд: аз осмон ё аз инсон?» Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки "аз осмон буд", Ӯ бигӯяд: "Пас чаро ба вай имоннаовардед?"26«Ва агар гӯем, ки "аз инсон буд", - аз мардум метарсем, зеро ки ҳама Яҳьёро набӣ медонанд».27Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам.28«Лекин фикри шумо чист? Марде ду писар дошт; ва назди нахустин омада, гуфт: "Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун".29«Дар ҷавоб гуфт: "Намехоҳам"; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт.30«Назди дигаре омада, ҳамон гапро гуфт. Вайдар ҷавоб гуфт: «Меравам, оғо»; ва нарафт.31«Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Нахустин». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳшнагон пеш аз шумо ба Малакути Худо дохил хоҳанд шуд;32«Зеро ки Яҳьё назди шумо бо роҳи адолат омад, ва шумо ба ӯ имон наовардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ имон оварданд; ва шумо, инро дида, баъд аз он ҳам тавба накардед, то ки ба ӯ имон оваред.33«Масали дигаре бишнавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.34«Чун мавсими мева расид, хизматгорони худро назди токдорон фиристод, то ки меваи худро бигирад;35«Лекин токдорон хизматгорони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд.36«Боз ӯ хизматгорони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд.37«Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: "Аз гшсарам шарм хоҳанд дошт".38«Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: "Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем ва соҳиби мерос шавем".39«Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд.40«Пас, чун соҳиби токзор ояд, ба он токдорон чй хоҳад кард?»41Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро ба марги шадид маҳкум карда, токзорро ба токдорони дигаре хоҳад супурд, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд».42Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед: "Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳаиратангез аст"?43«Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад;44«Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, порапора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро мачақ кунад».45Саркоҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад,46Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд.