Tajik

Matthew

22

1ВА Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт:2«Малакути Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ тӯи арӯсӣ барпо кард,3«Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба тӯи арӯсӣ бихонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд.4«Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: "Ба даъватшудагон бигӯед, ки «инак, дастархони худро оростаам, говҳо ва бӯрдоқиҳои ман сар бурида шудаанд^ ва ҳама чиз тайёр аст; ба тӯи арӯсӣ биёед»".5«Лекин онҳо беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре ба тиҷоратхонаи худ рафтанд;6«Ва баъзеи дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд.7«Подшоҳ, чун шунид, хашмгин шуд ва аскарони худро фиристода, он қотилонро маҳв намуд ва шаҳрашонро оташ дода сӯзонд.8«Он гоҳ ба гуломони худ гуфт: "Тӯй тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд;9"Пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро биёбед, ба тӯи арӯсӣ даъват кунед".10«Ва ғуломон ба сари роҳ баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва тӯйхона аз меҳмонон лур шуд.11«Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷомаи тӯёна дар бар надорад,12«Ва ба вай гуфт: "Эй рафик, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷомаи тӯёна дар бар надорӣ?" Лекин вай хомӯш монд.13«Подшоҳ ба ходимони худ гуфт: "Дасту лои вайро баста, ба зулмоти берун бароварда лартоед: дар он ҷо гирья ва гиҷирроси дандон хоҳад буд".14«Зеро ки даъватшудагон бисьёранд, аммо баргузидагон - кам».15Он вакт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чй тавр Ӯро аз суханаш афтонанд.16Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Ӯстод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростй таълим медиҳй ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;17«Пас ба мо бигӯ, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст, ё не?»18Аммо Исо макри онҳоро дарьёфта, гуфт: «Эй риёкорон, чаро Маро меозмоед?19«Сиккаи ҷизьяро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд.20Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?»21Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост - ба Худо».22Чун инро щуниданд, дар ҳайрат монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд.23Ҳамон рӯз саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:24«Эй Ӯстод! Мусо гуфтааст: "Агар касе бимирад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад".25«Назди мо ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт;26«Ҳамчунин дуюм ва сеюм, то ҳафтум;27«Баъд аз ҳама зан низ мурд.28«Пас, дар эҳьёи мурдагон вай зани кадоме аз он ҳафт нафар хоҳад буд? Зеро ки ҳама вайро ба занй гирифта буданд».29Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро;30«Зеро ки дар эҳьёи мурдагон на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагони Худо дар осмон мебошанд.31«Аммо дар бораи эҳьёи мурдагон ое каломеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед.32"Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб"? Худо на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагок».33Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд.34Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам чамъ омаданд.35Ва яке аз онҳо, ки шариатдон буд, Ӯро озмуданӣ шуда, чунин савол дод:36«Эй Ӯстод! Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?»37Исо ба вай гуфт: «"Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор".38«Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин;39«Ва дуюмаш монанди он аст: "Ёри худро мисли худ дӯст бидор".40«Ба ин ду ҳукм тамоми Таврот ва суҳафи анбиё асос ёфтааст».41Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо савол дода,42Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».43Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ тавр Довуд, аз рӯи илҳом, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд:44"Худованд ба Худованди ман гуфт: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»"?45Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ сон Ӯ писари вай будааст?»46Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.