Tajik

Matthew

26

1ЧӮН Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт:2«Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди фисҳ аст, ва Писари Одам таслим карда хоҳад шуд, то ки маслуб гардад».3Он гоҳ саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд,4Ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд;5Лекин мегуфганд: <ғНа дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».6Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Ҳинӣ дар хонаи Шимъӯни махавй буд,7Зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯ дар сари суфра нишаста буд, бар сари Ӯ рехт.8Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист?9«Зеро ки равғани атрафшонро ба қимати гарон фурӯхта, ба мискинон додан мумкин буд».10Лекин Исо инро дарьёфта, ба онҳо гуфт: гЧаро занро хичил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард;11Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам;12Вай ин равғани атрафшонро бар Бадани Ман рехта, Маро барои дафн тайёр кард;13Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт».14Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарьют ном дошт, пеши саркоҳинон рафт15Ва гуфт: «Ба ман чй хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сй сиккаи нуқра таклиф карданд;16Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.17Дар рӯзи аввали иди фатир шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ фисҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»18Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ биравед ва бигӯед: Ӯстод мегӯяд: вакти Ман наздик аст, ва фисҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам"».19Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва фисҳро омода карданд.20Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари суфра нишаст;21Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён Маро таслим ҳоҳад кард».22Онҳо бисьёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Худовандо, оё он манам?»23Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст дар табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим хоҳад кард;24«Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».25Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд, гуфт: «Эй ӯстодам, оё он манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».26Ва ҳангоме ки онҳо таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст».27Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед;28«Зеро ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад.29«Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаьд аз ин шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Падари Худ онро бо шумо тоза бинӯшам».30Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.31Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: "Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд".32«Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».33Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама дар ҳаққи ТӮ ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам».34Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард».35Петрус ба Ӯгуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро инкор намекунам». Ҳамаи шогирдон низ ҳамчунин гуфтанд.36Баъд аз ин Исо бо онҳо ба мавзее ки Ҷатсамонӣ ном дошт, омад ва ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то дар он ҷо дуо гӯям».37Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле маҳзун ва дилтанг шуд.38Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бо Ман бедор бошед».39Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».40Ва назди шогирдонаш омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед?41«Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».42Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз Ман бнгзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».43Ва омада, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд.44Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт.45Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;46«Барҳезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».47Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон ва пирони қавм бо шамшеру таёқҳо омаданд.48Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ Ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед».49Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Ассалом, эй Ӯстод!» Ва Ӯро бӯсид.50Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чй омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд.51Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт.52Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад;53«Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштагонро равона кунад?54«Лекин дар он сурат Навиштаҳо чӣ гуна ба амал меояд, ки ҳамин тавр бояд бишавад?»55Дар ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯе бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед; ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед.56«Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои анбиё ба амал ояд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.57Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаефо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд.58Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад.59Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодати бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд,60Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисьёр шоҳидони козиб омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Ниҳоят, ду шоҳиди козиб омада,61Гуфтанд: «Ӯ мегуфт: "Метавонам маъбади Худоро вайрон кунам ва дар зарфи се рӯз онро аз нав бино кунам"».62Ва саркоҳин бархоста, баӮгуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»63Аммо Исо хомӯшмонд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»64Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ; аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро хоҳед дид, ки ба ямини Кудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».65Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро пгунидед!66«Чӣ мулоҳиза доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».67Он гоҳ ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакй мезаданд68Ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо нубувват кун, ки Туро кӣ задааст?»69Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои Ҷалилӣ будӣ».70Лекин вай дар назди ҳама инкор карда, гуфт: «Намедонам, ки ту чй мегӯӣ».71Вақте ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд».72Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки Он Одамро намешиносад.73Пас аз муддате ҳозирон наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту низ яке аз онҳо мебошй, зеро ки лаҳҷаи ту ба ин шаҳодат медиҳад».74Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад.75Ва Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳй кард». Ва берун рафта, зорзор гирист.