Tajik

Matthew

27

1ЧӮН бомдод расид, ҳамаи саркоҳинон ва пирони қавм дар бораи Исо машварат карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд;2Ва Ӯро баста бурданду ба ҳоким Понтиюс Пилотус таслим карданд.3Таслимкунандаи Ӯ, Яҳудо, чун дид, ки Ӯро маҳкум карданд, пушаймон шуд ва сй сиккаи нуқраро ба саркоҳинон ва пирон гардонда дод,4Ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки Хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чй? Худат медонӣ».5Ва сиккаҳои нуқраро вай дар маъбад партофта, баромада рафт ва худро буғй карда кушт.6Лекин саркоҳинон сиккаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инро ба ганҷинаи маъбад андохтан ҷоиз нест, чунки ин хунбаҳост».7Ва машварат карда, ба ин пул киштзори кулолгарро барои қабристони ғарибон харида гирифтанд;8Ба ин сабаб он киштзор то имрӯз "Мазрааи хун" номида мешавад.9Он гоҳ каломе ки бо забони Ирмиеи набӣ гуфта шудааст, ба амал омад: "Онҳо сӣ сиккаи нуқраро гирифтанд, яъне баҳои Он Баҳомондашудае ки банӣИсроил ба Ӯ таъин карда буданд.10"Ва онро барои киштзори кулолгар доданд, чунон ки Худованд ба ман гуфт".11Аммо Исо дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастй?» Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ>.12Вақте ки саркоҳинон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод.13Он гоҳ Пилотус ба Ӯ гуфт: Юё намешунавй, чӣ қадар бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»14Лекин дар ҷавоби вай як сухан ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисьёр дар ҳайрат монд.15Ҳоким одат дошт, ки дар ҳар ид як бандиро, ки мехостанд, барои мардум озод мекард.16Дар он вақт дар он ҷо бандии шӯҳратноке буд, ки Бараббос ном дошт.17Пас, вақте ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Бараббосро, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?»18Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.19Вақте ки вай бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо Он Одил туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисьёр кашидам».20Лекин саркоҳинон ва пирон мардумро барангехта буданд, ки озодии Бараббос ва қатли Исоро талаб кунанд.21Пас ҳоким ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Аз ин ду кадомашро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Бараббосро».22Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама гуфтанд: «Ӯро маслуб кун!»23Ҳоким гуфт: «Ӯ чй бадй кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»24Пилотус чун дид, ки ҳеҷ гап фоида надорад, балки ошӯб бештар мегардад> об талабида, дасти худро дар назди мардум шуст ва гуфт: «Ман аз хуни Ин Одил барй ҳастам; шумо бидонед».25Тамоми қавм дар ҷавоб гуфтанд: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад».26Пас Бараббосро барои онҳо озод кард, ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.27Он гоҳ сарбозони ҳоким Исоро ба сарбозхона бурда, тамоми фавҷро гирди Ӯ ҷамъ оварданд,28Ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд;29Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд ва қамише ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»30Ва бар Ӯ туф карданд ва қамишро гирифта, бар сараш заданд.31Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ки маслуб кунанд.32Чун берун рафтанд, касеро, ки Шимъӯн ном дошт ва аз Қурин буд, дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.33Ва чун ба ҷое ки Ҷолҷолто, яъне "Ҷои косахонаи сар" ном дошт, расиданд,34Сиркои бо заҳра омеҳтае барои нӯшиданаш доданд, лекин чун чашид, нахост, ки бинӯшад.35Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: "Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар лероҳани Ман қуръа партофтанд".36Ва дар он ҷо нишаста, Ӯро посбонй карданд.37Ва айбномае навишта, болои сари Ӯ овехтанд, ки чунин буд: «Ин аст Исо, Подшоҳи Яҳудиён».38Бо Ӯ ду роҳзанро: яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.39Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда,40Мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ! Худатро наҷот деҳ; агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фурӯд ой».41Ҳамчунин саркоҳинон бо китобдонон ва гщрон Ӯро истеҳзокарда, мегуфтанд:42«Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фурӯд ояд, то ба Ӯ имон оварем;43«Ба Худо таваккал карда буд: акнун Ӯро раҳокунад, агар дилхоҳаш бошад. Зеро Ӯ гуфта буд: "Ман Писари Худо ҳастам"».44Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро даишом медоданд.45Ва аз соати шашум тамоми рӯи заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.46Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элй, Элӣ! Ламма сабақганӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»47Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Ӯ Ильёсро мехонад».48Дарҳол яке аз онҳо исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, наздики даҳони Ӯ бурд, то бинӯшад.49Лекин дигарон гуфтанд: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то ки Ӯро наҷот диҳад».50Исо боз бо овози баланде фарьёд зада, ҷон дод.51Ва инак, пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд: ва замин ҷунбнд; ва сангҳо шикофта шуд;52Ва қабрҳо кушода шуд; ва бисьёр ҷасадҳои муқаддасон, ки оромида буданд, эҳьё шуданд,53Ва баъд аз эҳьёи Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри муқаддас рафтанд ва ба бисьёр касон зоҳир шуданд.54Аммо мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, бағоят тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд».55Ҳамчунин занони бисьёре ки аз Ҷалил аз ақиби Исо омада буданд, ва ба Ӯ хизмат мекарданд, дар он ҷо истода, аз дур менигаристанд;56Дар миёни онҳо Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуб ва Йӯсе буд, ва модари писарони Забдой низ буданд.57Ва чун шом шуд, Юсуф ном давлатманде ки аз аҳли Ҳаромот ва ӯ низ аз шогирдони Исо буд, омад;58Ва назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки дода шавад.59Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд.60Ва онро дар қабри наве ки аз санг барои худ тарошида буд, ниҳод ва санги калонеро бар дари қабр ғелонида, рафт.61Марьями Маҷдалия ва он Марьями дигар дар он ҷо, дар рӯ ба рӯи қабр нишаста буданд.62Фардои он, ки пас аз рӯзи ҷумъа буд, саркоҳинон ва фарисиён назди Пилотус ҷамъ омаданд63Ва гуфтанд: «Эй оғо! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, вақте ки зинда буд, гуфта буд, ки "пас аз се рӯз эҳьё хоҳам шуд";64«Пас бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба қавм нагӯянд, ки аз мурдагон эҳьё шуд; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад».65Пнлотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, посбонӣ кунед».66Онҳо рафта, дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд.