1ВАҲЙИ Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарибй чиҳо бояд ба вукӯь ояд. Ва Ӯ онро ба воситаи фариштаи Худ ба бандаи Худ Юҳанно фиристода, зоҳир сохт,2Ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод.3Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.4Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,5Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосй дод,6Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин.7Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чапгм хоҳад дид, ва онҳое низ, ки Ӯро найза заданд; ва ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар ҳаққи Ӯ навҳа хоҳанд кард. Оре, омин.8«Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам», мегӯяд Худованд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.9Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андӯҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмӯс будам.10Ва дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;11«Он чи мебинӣ, дар китобе бинавкс ва ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд, бифиркст: ба Эфсӯс, ва Исмирно, ва Парғомус, ва Тиётиро, ва Сардис, ва Филоделфия, ва Лудкия».12Ман руҷӯъ намудам, то овозеро, ки ба ман сухан мегуфт, бубинам; ва чун руҷӯъ намудам, ҳафт чароғдони тилло Дидам,13Ва дар миёни ҳафт чароғдон касеро монанди Писари Одам, ки камзӯли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд;14Сари Ӯ ва мӯи Ӯ мисли пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ӯ мисли шӯълаи оташ;15Ва пойҳои Ӯ монанди мисе ки дар кӯра сурх шуда бошад; ва овози Ӯ мисли шувваси обҳои бксьёр;16Ва Ӯ дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ӯ шамшери дудама берун меомад; ва рӯи Ӯ мисли офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад.17Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин18«Ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дӯзах вамамот дар дасти Ман аст.19«Пас бинавис он чи ту Дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд.20«Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидй, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд».