Tajik

Revelation

2

1«БА фариштаи калисои Эфсӯс бинавис: Ӯ, ки дар дасти рости Худ ҳафт ситора дорад ва дар миёни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд:2"Аъмоли туро медонам, ва меҳнати туро, ва сабри туро, ва ин ки ту ба шарирон наметавонй тоб оварӣ, ва онҳоеро, ки худро ҳавворй меноманд, вале чунин нестанд, имтиҳон кардаӣ ва онҳоро дурӯғгӯ ёфтаӣ;3"Ва сабр дорӣ, ва барои исми Ман бисьёр чизҳоро аз сар гузарондаӣ, ва бемадор нагаштаӣ.4"Аммо иддаое бар ту дорам, ки муҳаббати аввалини худро тарк кардаӣ.5"Пас ба ёд ор, ки аз куҷо афтодаӣ, ва тавба кун ва аъмоли пештараро ба ҷо овар; вагар на, ба зудй назди ту меоям ва чароғдонатро аз ҷояш меҷунбонам, агар тавба накунй.6"Лекин фазилати ту ин аст, ки аз аъмоли николосиён нафрат дорӣ, ки Ман низ аз аъмоли онҳо нафрат дорам.7"Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худост, бихӯрад"».8«Ва ба фариштаи калисои Исмирно бинавис: Аввалин ва Охирин, ки мурда буд ва зинда шуд, чунин мегӯяд:9"Аъмоли туро медонам, ва андӯҳи туро, ва бенавоии туро, - валекин ту сарватдор ҳастӣ, - ва куфри онҳоеро, ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки куништи шайтонанд.10"Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз миёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки нгуморо биозмояд, ва шумо даҳ рӯз дар андӯҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод.11"Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид"».12«Ва ба фариштаи калисои Парғомус бинавис: Ӯ, ки шамшери дудама дорад, чунин мегӯяд:13"Аъмоли туро медонам, ва маскани туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту исми Маро маҳкам нигоҳ доштаӣ ва ҳатто дар айёме ки шоҳиди амини Ман Антипас дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ.14"Аммо иддаои каме бар ту дорам, чунки дар он ҷо назди ту пайравони таълимоти Билъом ҳастанд, ки вай Болоқро таълим дода буд, ки дар сари роҳи банӣИсроил дом ниҳад, то ки онҳо курбониҳои бутҳоро бихӯранд ва зино кунанд.15"Ҳамчунин назди ту пайравони таълимоти николосиён ҳастанд, ки аз он таълимот Ман нафрат дорам.16"Пас тавба кун, вагар на, ба зудй назди ту хоҳам омад ва бо шамшери забони Худ бо онҳо ҷанг хоҳам кард.17"Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолкб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз манни ниҳонӣ бихӯрад; ва ба вай санги сафеде хоҳам дод, ва бар ин санг исми наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ҷуз касе ки онро гирифтааст"».18«Ва ба фариштаи калисои Тиётиро бинавис: Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ аст, ва пойҳояш мисли миси барроқ аст, чунин мегӯяд:19"Аъмоли туро медонам, ва муҳаббати туро, ва ҳизмати туро, ва имони туро, ва сабри туро, ва ин ки аъмоли оҳиринат аз авваликат бештар аст.20"Аммо иддаои каме бар ту дорам, зеро ба зане Изобал ном, ки худро набия меномад, роҳ медиҳӣ; вай бандагони Маро таълим дода, дар иштибоҳ меандозад, то ки онҳо зино кунанд ва қурбониҳои бутҳоро бихӯранд.21"Ман ба вай фурсат додам, ки аз зинокории худ тавба кунад, валекин ваи тавба накард.22"Инак, Ман вайро бар бистаре меандозам, ва онҳоеро, ки бо вай зино мекунанд, гирифтори андӯҳи азиме мегардонам, агар аз аъмоли худ тавба накунанд.23"Ва фарзандони ваиро ба қатл мерасонам, ва ҳамаи калисоҳо хоҳанд донист, ки Ман Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи аъмолаш подош хоҳам дод.24"Валекин ба шумо ва касони дигаре ки дар Тиётиро ҳастанд, ва ҳамаи онҳое ки ин таълимотро пайравӣ накардаанд ва, чунон ки мегӯянд, аз умқҳои шайтон хабар надоранд, мегӯям: бар шумо бори дигаре намегузорам;25"Фақат он чи доред, маҳкам нигоҳ доред, то даме ки биёям.26"Ва касе ки голиб ояд ва аъмоли Маро то ба охир риоят кунад, ба вай бар халқҳо қудрат хоҳам бахшид,27"Ва онҳоро вай бо асои оҳанин чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳо мисли кӯзаи кулол ҳоҳанд шикаст, - чунон ки Ман низ аз Падари Худ қудрат ёфтаам.28"Ва ба вай ситораи субҳро ато хоҳам кард.29"Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд"».