Tajik

Revelation

3

1«ВА ба фариштаи калисои Сардис бинавис: Ӯ, ки ҳафт рӯҳи Худо ва ҳафт ситора дорад, чунин мегӯяд: "Аъмоли туро медонам; агарчи ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекш: мурда ҳастӣ.2"Бедор бош ва бақиятеро, ки наздик ба мурдан аст, устувор намо, зеро ки Ман аъмоли туро дар пеши Худои Худ комил наёфтаам.3"Ба ёд ор, ки он чи дорӣ, чӣ гуна ёфтаӣ ва чй гунашунидаӣ, ва онро нигоҳдорӣ намо ва тавба кун. Ва агар бедор набошӣ, Ман мисли дузд бар сари ту ҳоҳам омад, ва ту нахоҳӣ донист, ки дар кадом соат бар сари ту меоям.4"Валекин назди ту дар Сардис якчанд нафар ҳастанд, ки либоси худро палид накардаанд ва дар либоси сафед бо Ман ҳоҳанд гашт, чунки онҳо сазовори ин мебошанд.5"Касе ки ғолиб ояд, либоси сафед дар бар ҳоҳад кард; ва Ман номи вайро аз дафтари ҳаёт пок нахоҳам кард ва номи вайро ба ҳузури Падари Худ ва ба ҳузури фариштагони Ӯ эътироф хоҳам кард.6"Ҳар кӣ гӯш дорад, бипшавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чй мегӯяд"».7«Ва ба фариштаи калисои Филоделфия бинавис: он Куддус ва Ҳақ, ки калиди Довудро дорад, ки мекушояд - ва ҳеҷ кас нахоҳад баст, ва мебандад - ва ҳеҷ кас нахоҳад кушод, чунин мегӯяд:8"Аъмоли туро медонам; инак, Ман дареро барои ту кушодаам, ва ҳеҷ кас наметавонад онро бандад; ту куввати каме дорй, ва каломи Маро риоят намудаӣ, ва исми Маро инкор накардай.9"Инак, Ман тавре амал мекунам, ки аз куништи шайтон, аз онҳое ки худро яҳудӣ мегӯянд, вале чунин нестанд, балки дурӯғ мегӯянд, - инак, Ман тавре амал мекунам, ки онҳо омада, пеши пойҳои ту таъзим намоянд ва бидонанд, ки Ман туро дӯст доштаам:10"Ва азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад.11"Инак, ба зудӣ меоям; он чи дорӣ, маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад.12"Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои Ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт.13"Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чй мегӯяд"».14«Ва ба фариштаи калисои Лудкия бинавис: Омин, ки шоҳиди амин ва ҳақ, ибтидои хилқати Худост, чунин мегӯяд:15"Аъмоли туро медонам; ту на сард ҳастӣ на гарм; о, кошки ту сард ё гарм мебудй!16"Лекин азбаски ту ширгарм ҳастӣ, яъне на гарм ва на сард, бинобар ин туро аз даҳони Худ қай хоҳам кард.17"Зеро ки ту мегӯӣ: «Ман сарватдор ҳастам, сарват ғун кардаам ва ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорам»; аммо намедонй, ки ту бадбахт ва ҳақир ва мкскин ва нобино ва бараҳна ҳастӣ.18"Ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз Ман тиллои дар оташ сурхшударо бихарй, то ки сарватдор шавӣ; ва либоси сафедро, то ки бипӯшӣ, ва расвоии бараҳнагии ту аён нашавад; ва сурмаро, то ки ба чашмони худ кашида, бино шавӣ.19"Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун.20"Инак, назди дар истода, тақтақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман.21"Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам.22"Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегуяд"».