Tajik

Revelation

4

1БАЪД аз ин ман назар андохтам, ва инак, даре бар осмон кушода шуд, ва он овози пештара, ки ҳамчун садои карнай шунида будам, ки бо ман сухан меронд, гуфт: «Ба ин ҷо сууд намо, то он чиро, ки баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд, ба ту нишон диҳам».2Ва дарҳол ман дар Рӯҳ шудам; ва инак, тахте дар осмон меистод, ва бар тахт Нишинандае буд;3Ва намуди Он Нишинанда монанди санги яшм ва ақиқ буд, ва рангинкамоне гирдогирди тахт, ва намуди он монанди зумуррад.4Ва гирдогирди тахт бисту чор тахт; ва бар тахтҳо бисту чор пирро нишаста Дидам, ки либосҳои сафед дар бар карда буданд ва бар сарҳошон тоҷҳои тилло доштанд.5Ва аз тахт барқҳо ва раъдҳо ва овозҳо мебаромаданд, ва ҳафт машъали оташин дар пеши тахт фурӯзон буданд, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо мебошанд.6Ва дар пеши тахт баҳре аз шиша, монанди булӯр; ва дар миёнаи тахт ва гирдогирди тахт чор ҳайвон, ки аз пеш ва аз пас пур аз чашмон буданд.7Ва ҳаивони якум монанди шер, ва ҳайвони дуюм монанди гӯсола, ва хайвони сеюм қиёфае мисли одам дошт, ва ҳайвони чорум монанди уқобе ки дар парвоз бошад.8Ва ҳар яке аз он чор ҳайвон гирдогирд шаш бол дошт, ва онҳо аз дарун пур аз чашмонанд, ва шабу рӯз ором нагирифта, мегӯянд: «Қуддус аст, куддус аст, куддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ӯ буд, ҳаст ва ҳоҳад омад».9Ва ҳангоме ки он ҳайвонҳо ба Нишинандаи тахт, ки то абад Зинда аст, ҷалол ва шавкат ва сипос медиҳанд, -10Он бисту чор пир пеши Нишинандаи тахт афтода, ба Ӯ, ки то абад Зинда аст, саҷда мекунанд, ва тоҷҳои ҳудро пеши таҳт гузошта, мегӯянд:11«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастй, ки ҷалол, шавкат ва кудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».