Tajik

Revelation

5

1ВА дар дасти рости Нишинандаи тахт китобе дидам, ки аз дарун ва аз берун навишта ва бо ҳафт мӯҳр баста шуда буд.2Ва фариштаи қавие дидам, ки бо овози баланд нидо мекунад:«Кист сазовори он ки ин китобро воз кунад ва мӯҳрҳои онро бардорад?»3Ва ҳеҷ кас на дар осмон, на бар замин, на дар зери замин натавонист он китобро воз кунад ва ба он назар андозад.4Ва ман бисьёр гиристам дар бораи он ки ҳеҷ каси сазоворе ёфт нашуд, ки он китобро воз карда хонад ё лоақал ба он назар андозад.5Ва яке аз он пирон ба ман гуфт: «Гирья накун; инак, шере аз сибти Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, то китобро воз кунад ва ҳафт мӯҳри онро бардорад».6Ва назар андохтам, ва инак, дар миёнаи тахт ва он чор ҳайвон ва дар миенаи он пирон Баррае, мисли забҳшуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд.7Ва Ӯ омада, китобро аз дасти рости Нишинандаи тахт гирифт.8Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тиллои пур аз бухур дошт, ки онҳо дуоҳои муқаддасон ҳастанд;9Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастй, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорй; зеро ки Ту забҳ шудй ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ,10«Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд».11Ва дидам, ва овози фариштагони бисьёрро шунидам, ки гирдогирди тахт ва он ҳайвонҳо ва пирон буданд, ва шумораи онҳо беварҳобевар ва ҳазорҳоҳазор буд,12Ки бо овози баланд мегуфтанд: «Барраи забҳшуда сазовори он аст, ки қудрат, ва сарват, ва ҳикмат, ва қувват, ва шавкат, ва ҷалол, ва баракат биёбад».13Ва ҳар офаридае ки дар осмон, ва бар замин, ва дар зери замин, ва дар баҳр аст, ва ҳар он чи дар онҳост, шунидам, ки мегуфт: «Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад».14Ва он чор ҳайвон гуфтанд: «Омин». Ва он бисту чор пир афтода, ба Ӯ, ки то абад Зинда аст, саҷда карданд.