Tajik

Revelation

6

1ВА дидам, ки Барра яке аз ҳафт мӯҳрро бардошт, вашунидам,киякеаз он чор ҳайвон бо овози монанди раъд мегӯяд: «Биё ва бубин».2Ва назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он - саворе ки камон дорад, ва ба ӯ тоҷ дода шудааст: ва ӯ галабакунон берун омад, то ғалаба кунад.3Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри дуюмро бардошт, ҳайвони дуюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин».4Ва астш дигари куранд берун омад, ва ба савори он ихтиёр дода шудааст, ки осоиштагиро аз замин бигирад, то ки якдигарро ба қатл расонанд; ва ба вай шамшери бузурге дода шудааст.5Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри сеюмро бардошт, ҳайвони сеюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин». Ва назар андохтам, ва инак, аспи сиёҳмушкин, ва савори он дар дасташ тарозуе дорад. б Ва овозе аз миёни он чор ҳайвон шунидам, ки мегӯяд: «Як андозаи гандум ба як динор, ва се андозаи ҷав ба як динор; вале ба равғани зайтун ва шароб зарар нарасон».7Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри чорумро бардошт, овози ҳайвони чорумро шунидам, ки мегӯяд: «Биё ва бубин».8Ва назар андохтам, ва инак, аспи саманд, ва бар он - саворе ки номаш мамот аст; ва дӯзах аз қафояш меомад, ва ба вай ихтиёри чорьяки замин дода шудааст, то ки бо шамшер ва қаҳтй, ва бо вабо ва ҳайвоноти ваҳшии замин одамонро бикушад.9Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри панчумро бардошт, дар таги курбонгоҳ ҷонҳои онҳоеро, ки барои каломи Худо ва барои шаҳодате ки доштанд, кушта шуда буданд, дидам.10Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварй намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»11Ва ба ҳар яке аз онҳо либоси сафед дода шуд, ва ба онҳо гуфта шуд, ки боз муддати каме ором бошанд, то даме ки шумораи онҳо ва ҳамкорони онҳо ва бародарони онҳо, ки мисли онҳо кушта хоҳанд шуд, пурра шавад.12Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри шашумро бардошт, назар андохтам, ва инак, заминҷунбии азиме ба вуқӯъ омад, ва офтоб мисли палоси пашмин сиёҳ шуд, ва моҳтоб мисли хун гашт;13Ва ситораҳои осмон ба замин афтоданд, мисли дарахти анҷире ки аз шамоли сахт ҷунбиш карда, анҷирҳои хоми худро мепартояд;14Ва осмон мисли тӯморе печида, нопадид шуд; ва ҳар кӯҳ ва ҷазира аз ҷои худ ҷунбид;15Ва подшоҳони замин, ва олиҷоҳон, ва сарватдорон, ва мириҳазорон, ва зӯроварон, ва ҳар ғулом ва озод дар мағораҳо ва дараҳои кӯҳҳо пинҳон щуданд,16Ва ба кӯҳҳо ва сангҳо мегӯянд: «Бар мо биафтед ва моро аз ҳузури Нишинандаи тахт ва аз ғазаби Барра пинҳон кунед;17«Зеро ки рӯзи бузурги ғазаби Ӯ омадааст, ва кист, ки битавонад истодагй намояд?»