1ВА баъд аз ин чор фариштаи дар чор гӯшаи замин истодаро дидам, ки чор боди заминро нигоҳ медоштанд, то ки ба замин, ба баҳр ва ба ҳеҷ дарахте бод навазад.2Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби тулӯи офтоб сууд менамояд ва мӯҳри Худои Ҳайро дорад. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда, мегӯяд:3«Ба замин, ба баҳр, ба дарахтон зараре нарасонед, то даме ки бар пешонии бандагони Худои мо мӯҳр занем».4Ва шумораи мӯҳр зада шудагонро шунидам: саду чилу чор ҳазор мӯҳр зада шудагон аз ҳамаи сибтҳои банӣИсроил:5Аз сибти Яҳудо дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Реубен дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти "Ҷод дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон;6Аз сибти Ошер дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Нафтолй дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Менашше дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон;7Аз сибти Шимъӯн дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Левӣ дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Иссокор дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон;8Аз сибти Забулун дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Юсуф дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон; аз сибти Биньёмин дувоздаҳ ҳазор мӯҳр зада шудагон.9Баъд аз ин ман назар андохгам, ва инак, анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши таҳт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд.10Ва онҳо бо овози баланд нидо карда, мегӯянд: «Наҷот аз они Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз они Барра аст!»11Ва ҳамаи фариштаҳо гирдогирди тахт ва он пирон ва чор ҳайвон меистоданд, ва пеши таҳт бар рӯи худ афтода, ба Худо саҷда карданд,12Ва гуфтанд: «Омин! Баракат, ва ҷалол, ваҳикмат, ва сипос, ва шавкат, ва кудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод! Омин».13Ва яке аз он пирон ба сухан оғоз карда, аз ман пурсид: «Ин сафедпӯшон кистанд, ва аз куҷо омадаанд?»14Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;15«Бинобар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рӯз дар маъбади Ӯ ба Ӯ хизмат мекунанд, ва Нишинандаи тахт дар миёни онҳо сокин хоҳад буд;16Юнҳо дигар гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва онҳоро офтоб ва ҳеҷ гармо нахоҳад сӯзонд:17«Зеро Баррае ки дар миёнаи тахт аст, онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳоро ба чашмаҳои оби ҳаёт хоҳад бурд, ва Худо ҳар ашкро аз чашмонашон пок хоҳад кард».