1ВА дарьёи покизаи оби ҳаётро ба ман нишон дод, ки мисли булӯр дурахшон буда, аз ҷониби тахти Худо ва Барра ҷорӣ мешуд.2Дар миёнаи кӯчаи шаҳр, дар ҳар ду канори дарьё, дараҳти ҳаёт аст, ки дувоздаҳ мева меоварад, яъне ҳар моҳ меваи худро медиҳад; ва баргҳои дарахт барои муолиҷаи халқҳост.3Ва ҳеҷ лаънатшудае дигар нахоҳад буд; ва тахти Худо ва Барра дар вай хоҳад буд, ва бандагони Ӯ ба Ӯ хизмат хоҳанд кард,4Ва рӯиӮро хоҳанд дид, ва исми Ӯбар пешониҳошон хоҳад буд.5Ва шаб дигар нахоҳад буд, ва онҳо ба чароғ ва рӯшноии офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро ки ХудованД Худо ба онҳо рӯшноӣ мебахшад; ва то абад салтанат хоҳанд ронд.6Ва ба ман гуфт: «Ин суханон ҳақ асту рост»; ва Худованд Худои анбиёи муқаддас фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба қарибӣ ба вуқӯъ ояд, ба бандагони Худ нишок диҳад.7«Инак, ба зудй меоям. Хушокасеки суханони нубуввати ин китобро риоят мекунад».8Ва ман, Юҳанко, инро дидам ва шунидам. Ва ҳангоме ки шунидам ва дидам, бар пойҳои фариштае ки инро ба ман нкшон дод, афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам.9Лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; зеро ки ман бо ту, ва бо бародаронат - анбиё, ва бо онҳое ки суханони ин китобро риоят мекунакд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзкм намо».10Ва ба ман гуфт: «Суханони нубуввати ин китобро мӯҳр накун; зеро ки вақт наздик аст.11«Бигзор золим боз зулм кунад, ва палид боз худро палид созад, ва одил боз адолат варзад, ва муҳаддас боз худро тақдис намояд.12«Инак, ба зудй меоям, ва муксфоти Мап бо Ман аст, то ки ҳар касро мувофиқи аъмолаш сазо диҳам.13«Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо, Аввалин ва Охирин ҳастам».14Хушо онҳое ки аҳкоми Ӯро риоят мекунанд,то ки ба дарахти ҳаёт хуқуқдор шаванд ва ба дарвозаи шаҳр дароянд.15Вале сагон, ва ҷодугарон, ва зикокорон, ва қотилон, ва бутпарастон, ва ҳар касе ки дурӯғро дӯст медорад ва ба амал меоварад, - берун аз он хоҳанд буд.16«Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба ш>'мо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам».17Ва Рӯҳ ва арӯс мегӯянд: «Биё!» Ва ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: «Биё!» Бигзор таигна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад.18Ман низ ба ҳар касе ки суханони нубуввати ин китобро мешунавад, шаҳодат медиҳам: агар касе ба онҳо чизе илова намояд, Худо ба ӯ балоҳое илова хоҳад кард, ки дар бораи онҳо дар ин китоб навишта шудааст.19Ва агар касе аз суханони ин китоби нубувват чизе кам кунад, Худо насиби ӯро аз дарахги ҳаёт ва аз шаҳри муқаддас ва аз ҳар чизе ки дар ин китоб навишта шудааст, кам хоҳад кард.20Шаҳодатдиҳандаи ин мегӯяд: «Оре, ба зудӣ меоям!» Омин. Оре, биё, эй Исои Худованд!21Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.