Tajik

Revelation

21

1ВА осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дитар набуд.2Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас - Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.3Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ваӮ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;4Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт.5Ва Нишинандаи тахт гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост».6Ва ба ман гуфт: «Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод;7«Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд;8«Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро - насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».9Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт: «Биё, то ба ту арӯсро, завҷаи Барраро нишон диҳам»,10Ва маро Дар Рӯҳ ба кӯҳи бузурғ ва баланде бурд ва шаҳри бузург - Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард,11Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф бошад;12Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо - дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣИсроил навишта шудааст:13Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.14Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо - номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра.15Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати андоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.16Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фарохии он аст. Ва ӯ шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозӣ ва фароҳӣ ва баландии он баробар аст.17Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст.18Девори он аз яшм сохта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза дюнандӣ дорад.19Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум - яшм, дуюм - ёқути кабуд, сеюм - ақики сӯхта, чорум - зумуррад,20Панҷум - ақиқи гулобӣ, шашум - ақиқ, ҳафтум - забарҷад, ҳащтум - берил, нӯҳум - ёқути зард, даҳум - ақиқи сабз, ёздаҳум - гиацинт, дувоздаҳум - нилум.21Ва дувоздаҳ дарвоза - дувоздаҳ марворид: ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кӯчаи шаҳр - зари ҳолис, монанди шишаи шаффоф.22Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра.23Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.24Ва халқҳои ҷаҳон дар рӯшноӣи вай роҳ хоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай хоҳанд овард.25Ва дарвозаҳои шаҳр рӯзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб наҳоҳад буд;26Ва ҷалол ва шавкати халқҳоро ба вай ҳоҳанд овард;27Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғғӯй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.