Tajik

Revelation

20

1ВА фариштае Дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд.2Ва ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки кблкс ва шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд,3Ва онро дар варта андохт, ва онро бандубаст кард, ва бар он мӯҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки ҳазор сол анҷом ебад; баъд аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад.4Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагокро дидам, ки кхтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвог.и ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада будакд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат рондакд;5Вале боқии мурдагон зинда нашуданд, то даме ки ҳазор сол анҷом ебад. Ин эҳьёи якум аст.6Хушбахт ва қуддус аст касе ки дар эҳьёи якум иштирок дорад: бар онҳо мамоти дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ӯ ҳазор сол сантанат хоҳанд ронд.7Ва ҳангоме ки ҳазор сол анҷом ёбад, шайтон аз зиндони ҳуд озод хоҳад шуд,8Ва берун хоҳад омад, то халқҳоеро, ки дар чор гӯшаи замин ҳастанд, яъне Чуҷ ва Моҷуҷро фиреб кунад, ва онҳоро барои ҷанг ҷамъ оварад; шумораи онҳо мисли реги баҳр аст.9Ва ба арзи замин баромаданд ва қароргоҳи муқаддасон ва шаҳри маҳбубро иҳота карданд. Ва аз осмон аз ҷониби Худр оташ фуромада, онҳоро хӯрд;10Ва иблис, ки онҳоро фиреб мекард, дар кӯли оташ ва кибрит андохта шуд, ки он ҷо ҳайвони ваҳшӣ ва набии козиб ҳастанд, ва онҳо шабу рӯз то абад азоб хоҳанд кашид.11Ва тахти бузурги сафед ва Нишинандаи онро дидам, ки аз ҳузури Ӯ осмон ва замин мегурехтанд, ва ҷое барои онҳо ёфт нашуд.12Ва мурдагонро, хурдон ва бузургонро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва дафтарҳо кушода буд; ва дафтари дигаре кушоца буд, ки дафтари ҳаёт аст; ва мурдагон бар тибқи он чи дар дафтарҳо навишта шудааст, яъне мувофиқи аъмолашон доварй карда шуданд.13Ва баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дӯзах мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке мувофиқи аъмолаш доварӣ карда шуд.14Ва мамот ва дӯзах дар кӯли оташ андохта шуданд. Ин мамоти дуюм аст.15Ва ҳар ки дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, дар кӯли оташ акдохта шуд.