1ПАС аз ин ман овози баланде мисли овози издиҳоми бузург дар осмон шунидам, ки мегуфт: «Ҳалелуёҳ! Наҷот ва ҷалол ва қувват аз они Худованди мо мебошад,2«Зеро ки аҳкоми Ӯ ҳақ асту рост! Чунки Ӯ фоҳишаи бузургеро, ки заминро бо зинои ҳуд фосид карда буд, маҳкум намуд, ва хуни бандагони Худро аз дасти вай ситонид».3Ва дубора гуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Дуди Бобил то абад баланд мешавад».4Ва он бисту чор пир ва чор ҳайвон афтода, ба Худое ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд: «Омин! Ҳалелуеҳ!»5Ва овозе аз ҷониби тахт баромад, ки мегуфт: «Эй ҳамаи бандагони Ӯ ва тарсгорони Ӯ, ҳурдон ва бузургон, мадҳ кунед Худои моро!»6Ва овозе шунидам мисли овози издиҳоми бузург, мисли шувваси обҳои бисьёр, мисли садои раъдҳои пурзӯр, ки мегуфтанд: «Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст.7«Ба ваҷд меоем ва шодӣ мекунем ва Ӯро ҷалол медиҳем, зеро ки никоҳи Барра фаро расидааст, ва завҷаи Ӯ худро тайёр кардааст».8Ва ба вай ато шуд, ки катони тоза ва дурахшон дар бар кунад; зеро ки он катон адолати муқаддасон аст.9Ва ба ман гуфт: «Бинавис: "Хушо онҳое ки ба базми никоҳи Барра даъват шудаанд"». Ва ба ман гуфт:"Инҳо суханони ҳақикии Худост".10Ман бар пойҳояш афтодам, то ки ба ӯ таъзим кунам; лекин ӯ ба ман гуфт: «Зинҳор, чунин накун; ман бо ту ва бо бародарони ту, ки шаҳодати Исоро доранд, ҳамкор ҳастам; ба Худо таъзим намо, зеро ки шаҳодати Исо рӯҳи нубувват аст».11Ва осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад.12Чашмони Ӯ мисли пгӯълаи оташ аст, ва бар сари Ӯ афсарҳои бисьёр; Ӯ исми навиштае дорад, ки онро, гайр аз Худи Ӯ, ҳеҷ кас намедонад;13Ва Ӯ либоси хунолуде дорад, ва исми Ӯ хонда шудааст: Каломи Худо.14Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ӯ мерафтанд.15Ва аз даҳони Ӯ шамшери тез берун меояд, то ки халқҳоро бо он бизанад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонй мекунад; Ӯ чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Кодири Мутлақро пойкӯб мекунад.16Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».17Ва як фариштаро Дидам, ки бар офтоб меистод; ва ӯ бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи мурғоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед,18«То ки ҷасадҳои подшоҳонро, зӯроваронро, мириҳазоронро, аспон ва саворонашонро, ҷасадҳои ҳамаи озодон ва ғуломон, ва хурдон ва бузургонро бихуред».19Ва ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони замин ва лашкарҳошонро дидам, ки ҷамъ шуда буданд, то ки бо Савори асп ва бо лашкари Ӯ ҷанг кунанд.20Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;21Ва касони бокӣ бо шамшери Савори асп, ки аз даҳони Ӯберун омада буд, кушта шуданд; ва ҳамаи мурғон аз ҷасадҳои онҳо сер пгуданд.