1БАЪД аз ин ман фариштаи дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекунад ва қудрати бузурге дорад; ва замин аз ҷалоли ӯ мунаввар шуд.2Ва ӯ бо овози кавӣ нидо карда, гуфт: «Фурӯ ғалтид! Фурӯ ғалтид Бобили бузург! Вай маскани девҳо ва паноҳгоҳи ҳар рӯҳи палид ва пакоҳгоҳи ҳар мурғи палид ва кароҳатангез гардид; зеро ҳамаи халқҳо аз шароби пурғазаби зинокории вай нӯншданд,3«Ва подшоҳони замин бо вай зино карданд, ва тоҷирони замин аз айшу нӯши бузурги вай сарватдор шуданд».4Ва овози дигаре аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман, то ки дар гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш дучор нагардед;5«Зеро ки гуноҳҳои вай то ба осмон расидааст, ва Худо зулмҳои вайро ба хотир овардааст.6«Сазояшро диҳед, чунон ки вай низ шуморо сазо додааст, ва бар тибқи аъмоли вай сазояшро дучандон диҳед; дар косае ки вай барои шумо шароб тайёр карда буд, барои вай дучандон тайёр кунед.7«Ҳар кадар вай ҷалол ёфта, айшу нӯш мекард, ҳамон қадар бо азият ва бадбахтӣ сазояшро Диҳед. Зеро ки вай дар дили худ мегӯяд: "Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва бадбахт нахоҳам буд".8«Бинобар ин дар як рӯз балоҳо, мамот ва мотам ва қаҳтй ба сари вай хоҳад омад. Вай дар оташ хоҳад сӯхт, зеро пурқувват аст Худованд Худо, ки вайро доварй мекунад.9«Ва подшоҳони замин, ки бо вай зино ва айшу нӯш кардаанд, вакте ки дуди сӯхтори вайро бинанд, дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард,10«Ва аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, хоҳанд гуфт: "Вой, вой бар ҳоли ту, эй шаҳри бузурги Бобил, эй шаҳри мустаҳкам! Зеро ки дар як соат қазои ту омадааст".11«Ва тоҷирони замин дар ҳаққи вай гирья ва навҳа хоҳанд кард, чунки молҳои онҳоро дигар ҳеҷ кас намехарад:12«Молҳои тилло ва нуқра, ва ҷавоҳирот, ва марворид, ва катон, ва арғувон, ва абрешим, ва қирмиз, ва ҳар дарахти муаттар, ва ҳар маснуот аз оҷ, ва ҳар маснуот аз дарахтони гаронбаҳо, аз мис ва оҳан ва мармар,13«Ва дорчин, ва бухур, ва равғани атрафшон, ва лодан, ва шароб, ва равғани зайтун, ва орд, ва гандум, ва чорво, ва гӯсфандон, ва аспҳо, ва аробаҳо, ва ҷисмҳо ва ҷонҳои одамӣ.14«Аз меваҳое ки ҷони ту тамаъ дорад, маҳрум гаштай, ва ҳар чизи фарбеҳ ва боҳашамат аз ту дур шудааст, - онро дигар нахоҳй ёфт.15«Тоҷирони ин чизҳо, ки аз ин сарватдор шудаанд, аз тарси азобҳои вай, дуртар истода, гирья ва навҳа хоҳанд кард.16«Ва хоҳанд гуфт: "Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки катон ва арғувон ва қирмиз дар бар дошт ва бо тилло ва ҷавоҳирот зинат ёфта буд!17"Зеро ки дар як соат чунин сарват нобуд шуд". Ва ҳамаи суккондорон, ва ҳамаи киштилишинон, ва ҳамаи маллоҳон, ва ҳамаи онҳое ки дар баҳр тиҷорат мекунанд, дуртар истода18«Ва дуди сӯхтори вайро дида, фиғон кашиданд ва гуфтанд: "Кадом шаҳр монанди ин шаҳри бузург будааст!"19«Ва ба сарҳошон хок пошиданд ва фарьёд зада, бо гирья ва навҳа гуфтанд: "Вой, вой бар ҳоли ин шаҳри бузург, ки аз чизҳои гаронбаҳои вай ҳамаи онҳое ки дар баҳр киштӣ доштанд, сарватдор шудаанд! Зеро ки дар як соат вай хароб гардидааст".20«Шодӣ кунед дар ҳаққи вай, эй осмон, ва ҳаввориёни муқаддас, ва анбиё, зеро ки Худо доварй намуда, интиқоми шуморо аз вай гирифтааст.21Ва як фариштаи қавӣ сакги бузургеро монанди санги осиё бардошта, дар баҳр андохт ва гуфт: «Бо чунин шиддат шаҳри бузурги Бобил сарнагун хоҳад шуд, ва дигар ёфт нахоҳад шуд;22«Ва овози барбатнавозон, ва сарояндагон, ва найнавозон ва карнайнавозон дар ту дигар шунида нахоҳад шуд, ва ҳеҷ як санъаткори ҳеҷ як санъате дар ту дигар нахоҳад буд, ва садои сангҳои осиё дар ту дигар шунида нахоҳад шуд;23«Ва рӯшноии чароғ дар ту дигар пайдо нахоҳад шуд, ва овози домод ва арӯс дар ту дигар шунида нахоҳад пгуд, зеро ки тоҷирони ту акобири рӯи замин буданд, ва аз ҷодуи ту ҳамаи халқҳо дар иштибоҳ афтодаапд.24«Ва дар вай хуни анбиё ва муқаддасон ва ҳамаи мақтулони рӯи замин ёфт шудааст».