Tajik

Revelation

17

1ВА яке аз он ҳафт фариштае ки ҳафт коса доштанд, омад ва бо ман сухан ронда, гуфт: «Ин ҷо биё, то довариро дар ҳаққи фоҳишаи бузурге ки бар обҳои бисьёр нишастааст, ба ту нишон диҳам,2«Ки подшоҳони замин бо вай зино кардаанд, ва сокинони замин аз шароби зинокории вай маст шудаанд».3Ва маро дар Рӯҳ ба биёбон бурд; ва занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии арғувонӣ, ки аз номҳои куфр пур буд, ва ҳафт калла ва даҳ шоҳ дошт, нишаста буд.4Ва он зан либоси қирмизӣ ва арғувонӣ дошт, бо тилло, ҷавоҳирот ва марворид зинат ёфта буд, ва дар дасташ косаи тиллое нигоҳ медошт, ки аз қабоҳат ва наҷосати зинокории вай пур буд;5Ва бар пешонии вай номи сирре навишта шуда буд: «Бобили бузург, модари фоҳишагон ва қабоеҳи замин».6Ва дидам, ки он зан аз хуни муқаддасон ва аз хуни шоҳидони Исо маст аст, ва аз дидани вай ниҳоятдараҷа ҳайрон шудам.7Ва фаришта ба ман гуфт: «Чаро ҳайрон шудӣ? Ман сирри ин зан ва он ҳайвони ваҳширо, ки зан бар он савор аст, ва ҳафт калла ва даҳ щох дорад, ба ту мегӯям.8«Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз ибтидои ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва зоҳир хоҳад шуд, дар ҳайрат хоҳанд афтод.9«Дар ин ҷост ақле ки ҳикмат дорад. Ҳафт калла ҳафт кӯҳест, ки он зан бар онҳо нишастааст,10«Ва инҳо ҳафт подшоҳ ҳастанд, ки панҷ нафарашон фурӯ ғалтидаанд, яке ҳаст, ва дигаре ҳанӯз наомадааст, ва ҳангоме ки ояд, муддати каме бояд бимонад.11«Ва он ҳаивони ваҳшӣ, ки буд ва нест, ҳащтум аст, ва аз ҷумлаи ҳафт аст, ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт.12«Ва он даҳ шоҳ, ки ту дидӣ, даҳ подщоҳ ҳастанд, ки ҳанӯз малакут ба даст наовардаанд, лекин барои як соат бо ҳайвони ваҳшӣ, ҳамчун подшоҳон, салтанат пайдо хоҳанд кард;13«Онҳо як ният доранд, ва куввату салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ хоҳанд дод;14«Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард, ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ӯ Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст, ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд».15Ва он фаришта ба ман гуфт: «Обҳое ки ту дидӣ, ки он ҷо фоҳиша нишастааст, одамон ва қавмон, ва қабилаҳо ва забонҳо мебошанд.16«Ва он даҳ щох, ки ту дидӣ, ва ҳайвони ваҳшӣ аз фоҳища нафрат хоҳанд дошт, ва ӯро хонавайрон ва урьён хоҳанд кард, ва ҷисми ӯро хоҳанд хӯрд, ва ӯро дар оташ хоҳанд сӯзонд;17«Чунки Худо дар дили онҳо андохтааст, ки иродаи Ӯро ба ҷо оваранд, ба тавре ки ҳама якдилона салтанати худро ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд, то ки суханони Худо иҷро шавад.18«Ва он зане ки Дидӣ, шаҳри бузург аст, ки бар подшоҳони замин салтанат меронад».