1ВА овози баланде аз маъбад шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегӯяд: «Биравед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро бар замин бирезед».2Фариштаи якум рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки тамғаи ҳайвони ваҳширо доранд ва ба пайкари он саҷда мекунанд, яраҳои бад ва зишти фасоднок пайдо шуд.3Фариштаи дуюм косаи худро дар баҳр рехт; ва он ба хуне мисли хуни мурда мубаддал шуд, ва тамоми махлуқоти ҷондори баҳр мурд.4Фариштаи сеюм косаи худро дар дарьёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун мубаддал шуданд.5Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт: «Ту одилй, эй Худованд, ки ҳастӣ ва будӣ, ва куддус мебошӣ, зеро ки чунин ҳукм кардаӣ;6«Азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинӯшанд: ин сазои онҳост».7Ва курбонгоҳро шунидам, ки мегӯяд: Юре, эй Худованд Худои Кодири Мутлақ, довариҳои Ту ҳақ асту рост».8Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба вай қудрате ато шуд, ки одамонро ба оташ бисӯзонад.9Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ӯро ҷалол диҳанд.10Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва малакути он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд,11Ва ба Худои Осмон аз боиси азобҳои худ ва яраҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз аъмоли худ тавба накарданд.12Фариштаи шашум косаи худро дар дарьёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк пгуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби тулӯи офтоб ҳастанд, роҳ муҳайё шавад.13Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо, ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ, ва аз даҳони набии козиб се рӯҳи палиде монанди қурбоққаҳо мебароянд.14Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.15Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд.16Ва онҳоро ба мавзее ҷамъ оварданд, кн ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад.17Фариштаи ҳафтум косаи худро бар ҳаво рехт, ва аз маъбади осмон аз ҷониби тахт овози баланде баромад, ки мегуфт: «Ба амал омад!»18Ва барқҳо, раъдҳо ва садоҳо ба вуқӯъ омад, ва заминҷунбии азиме рӯй дод, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рӯй надода буд, - он қадар заминҷунбии пурзӯр ва азим буд!19Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худро ба он диҳад.20Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кӯҳҳо нопайдо гашт;21Ва жолаи бузурге ки гӯё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.