Tajik

Revelation

15

1ВА дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта, ки ҳафт балои оҳирин доранд, чунки хашми Худо бо онҳо анҷом ёфт.2Ва гӯё баҳре аз шиша дидам, ки бо оташ омехта буд; ва касоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он ғолиб омада буданд, бар ин баҳри шиша истодаанд, ва барбатҳои Худо дода дар дасти онҳост,3Ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегӯянд: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон!4«Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва ислш Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст».5Ва баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, маъбади хаймаи шаҳодат дар осмон воз шуд,6Ва аз маъбад ҳафт фаришта баромаданд, ки ҳафт бало доштанд, ва катони тоза ва дурахшон дар бар карда ва то синаашон камарбанди тилло баста буданд.7Ва яке аз он чор ҳайвон ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро дод, ки Ӯ то абад Зинда аст.8Ва маъбад аз ҷалоли Худо ва аз қуввати Ӯ пур аз дуд шуд, ва то ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас натавонист ба маъбад дарояд.