Tajik

Revelation

14

1ВА назар андохтам, ва инак, Барра бар кӯҳи Сион истодааст, ва бо Ӯ саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон исми Падари Ӯ навишта шудааст.2Ва овозе аз осмон шунидам, мисли шувваси обҳои бисьёр ва монанди садои раъди пурзӯр; ва овозе ки шунидам, монанди овози барбатнавозоне буд, ки барбатҳои худро менавозанд:3Онҳо дар пеши тахт ва дар пеши он чор ҳайвон ва пирон суруди наве месароянд; ва ҳеҷ кас натавонист он сурудро ёд гирад, ҷуз он саду чилу чор ҳазор нафар, ки аз замин харида шуда буданд.4Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; штҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд,5Ва дар даҳонашон макре нест; онҳо дар пеши тахти Худо беайбанд.6Ва фариштаи дигаре дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекунад ва Инҷили абадй дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон на қавм башорат диҳад;7Ва ӯ бо овози баланд мегуфг: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед».8Ва фариштаи дигар аз ақиби ӯ омада, мегуфт: «Бобил, шаҳри бузург, фурӯ ғалтид, фурӯ ғалтид, чунки ҳамаи халқҳоро аз шароби пурғазаби зинокории худ нӯшонид».9Ва фариштаи сеюм аз ақиби онҳо омада, бо овози баланд мегуфт: «Ҳар кй ба ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он саҷда кунад ва бар пешонии худ ё бар дасти худ тамға занад, -10«Вай аз шароби хашми Худо, аз шароби холисе ки дар косаи ғазаби Ӯ муҳайё шудааст, хоҳад нӯшид, ва дар пеши фариштагони муқаддас ва дар пеши Барра дар оташ ва кибрит азоб хоҳад кашид;11«Ва дуди азобҳои онҳо то абад баланд хоҳад шуд, ва касоне ки ба ҳайвони ваҳшӣ ва паикари он саҷда менамоянд ва тамғаи номи онро қабул мекунанд, на рӯз ором хоҳанд гирифт, на шаб».12Дар ин ҷост сабри муқаддасон, ки аҳкоми Худо ва имони Исоро риоят мекунанд.13Ва овозе аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Бинавис: хушо мурдагоне ки минбаъд дар Худованд мемиранд; оре, мегӯяд Рӯҳ, инҳо аз меҳнатҳои худ ором мегиранд, ва аъмолашон аз қафояшон меравад».14Ва назар андохгам, ва инак, абри сафед, ва бар абр касе монанди Писари Одам нишастааст, ки бар сараш тоҷи тилло, ва дар дасташ доси тез дорад.15Ва фариштаи дигар аз маъбад баромад ва бо овози баланд ба Нишинандаи абр нидо кард: «Доси Худро ба кор андоз ва дарав кун, чунки вақти дарав расидааст; зеро ки ҳосили замин пухтааст».16Ва Нишинандаи абр доси Худро бар замин андохт, ва замин даравида шуд.17Ва фариштаи дигар аз маъбаде ки дар осмон аст, берун омад, ки ӯ низ доси тез дошт.18Ва фариштаи дигар, ки бар оташ қудрат дорад, аз қурбонгоҳ берун омад ва бо овози баланд ба он ки доси тез дошт, нидо карда, гуфт: «Доси тези худро ба кор андоз ва сарҳои ангури заминро бибур, чунки ангураш пухтааст».19Ва он фаришта доси худро бар замин андохт, ва сарҳои ангури заминро бурид, ва онро дар чархушти бузурги ғазаби Худо афканд,20Ва чарҳушт дар беруни шаҳр пойкӯб карда шуд, ва хун аз чархушт то ба ҷилави аспон, ба масофаи ҳазору шашсад стадия ҷорӣ шуд.