1ВА бар реги баҳр истода, ҳайвони ваҳшиеро дидам, ки аз баҳр берун меояд, ва ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар шохҳояш даҳ афсар, ва бар каллаҳояш номҳои куфр.2Ҳайвони ваҳшие ки ман дидам, монанди паланг буд, пойҳояш мисли пойҳои хирс, ва даҳонаш мисли даҳони шер; ва аждаҳо қуввати худ ва тахти худ ва кудрати бузурге ба вай дода буд.3Ва дидам, ки яке аз каллаҳои вай гӯё ба дараҷаи марговар ярадор шудааст, валекин он яраи марговар шифо ёфтааст. Ва тамоми аҳли замин дар ҳайрат афтода, аз паи ҳайвони ваҳшӣ рафтанд; ва аждаҳоро, ки ба ҳайвони ваҳшӣ қудрат дода буд, ибодат карданд;4Ва ба ҳайвони ваҳшй саҷда карда, гуфтанд: «Кист, ки мисли ин ҳайвони ваҳшӣ бошад, ва кист, ки битавонад бо вай ҷанг кунад?»5Ва ба вай даҳоне дода шуд, ки суханони пурғурур ва куфр гӯяд, ва ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ амал кунад.6Ва даҳонашро барои куфри Худо воз кард, то ки бар исми Ӯ ва маскани Ӯ ва сокинони осмон куфр гӯяд.7Ва ба вай ато шуд, ки бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб ояд; ва ба вай салтанат бар ҳар сибт, ва қавм, ва забон, ва қабила дода шуд.8Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.9Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад.10Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабр ва имони муқаддасон.11Ва ҳайвони ваҳшии дигаре дидам, ки аз замин берун меояд; вай ду шох дошт монанди шохҳои барра, ва мисли аждаҳо сухан мегуфт.12Вай дар пеши ҳайвони ваҳшии якум бо тамоми қудраташ амал мекунад, ба тавре ки тамоми замин ва сокинони онро маҷбур менамояд, ки ба ҳайвони ваҳшии якум, ки яраи марговараш шифо ёфтааст, саҷда кунанд;13Ва аломати бузурге ба амал меоварад, ба тавре ки оташро низ дар пеши одамон аз осмон ба замин фурӯ меоварад.14Ва бо мӯъҷизоте ки дар пеши ҳайвони ваҳшй метавонист нишон диҳад, сокинони заминро фиреб дода, ба сокинони замин мегӯяд, ки пайкари он ҳайвони ваҳширо, ки аз шамшер ярадор шуда, зинда мондааст, бисозанд.15Ва ба вай ато шудааст, ки ба он пайкари ҳайвони ваҳшӣ ҳаёт бахшад, то пайкари ҳайвони ваҳшй тавре сухан гӯяд ва амал кунад, ки ҳамаи онҳое ки ба пайкари ҳайвони ваҳшӣ саҷда намекунанд, кушта шаванд.16Ва тавре рафтор мекунад, ки ҳама - хурдон ва бузургон, сарватдорон ва мискинон, озодон ва гуломон - бояд бар дасти росташон ё бар пешониашон тамға зананд,17Ва ҳеҷ кас харидан ва фурӯхтан нахоҳад тавонист, ҷуз касе ки чунин тамға: е номи ҳайвони ваҳшӣ ё шумораи номи онро дорад.18Дар ин ҷо ҳикмат аст. Ҳар кӣ ақл дорад, шумораи ҳайвони ваҳширо ҳксоб кунад, зеро ки он шумораи одамизод аст; шумораи он шашсаду шасту шаш мебошад.