Tajik

Revelation

12

1ВА аломати бузурге дар осмон зоҳкр шуд: зан, ки либосаш офтрб аст, моҳтоб дар зери пойҳояш, ва тоҷе иборат аз дувоздаҳ ситора бар сараш.2Вай ҳомиладор буд, ва аз дард ва азоби зоиш фарьёд мезад.3Ва аломати дигаре дар осмон зоҳир шуд: инак, аждаҳои бузурги сурх, ки ҳафт калла ва даҳ шох дорад, ва бар каллаҳояш ҳафт афсар;4Думи он сеяки ситораҳоро аз осмон кашида, бар залшн афканд. Ин аждаҳо пеши зане ки бояд мезоид, истод, то ки ҳангоми зоидани вай кӯдаки вайро фурӯ барад.5Вай писаре зоид, ки ӯ бояд ҳамаи халқҳоро бо асои оҳанин чупонй кунад: ва писари вай сӯи Худо ва тахти Ӯ бурда шуд.6Ва он зан ба биёбон гурехт, ки дар он ҷо барои вай аз ҷониби Худо махоне муҳайё гардидааст, то ки ба вай ҳазору дусаду шаст рӯз ғизо дода шавад.7Ва дар осмон ҷанг шуд: Микоил ва фариштаҳояш ба муқобили аждаҳо меҷангиданд, ва аждаҳо ва фариштаҳояш меҷангиданд,8Аммо натавонистанд истодагӣ кунанд, ва дар осмон барои онҳо дигар ҷое ёфт напгуд.9Ва аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадкмй, ки кблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд.10Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегӯяд: «Акнун наҷот ва кувват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ӯ фаро расид, чунки маломатгари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд;11«Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд.12«Пас, шодӣ кунед, эй афлок ва сокинони он! Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!»13Ва чун аждаҳо дид, ки бар замин сарнагун шуд, занеро, ки писар зоида буд, таъқиб намуд.14Ва ба он зан ду боли уқоби бузурге дода шуд, то ки вай аз пеши мор ба биёбон ба макони худ парвоз кунад, ва дар он ҷо дар давоми замон ва замонҳо ва нисфи замон ғизо гирад.15Ва мор аз даҳонаш аз ақиби зан обе мисли дарьё сар дод, то ки дарьё вайро барад.16Лекин замин ба зан мадад кард, ва замин даҳонашро кушода, он дарьёро, ки аждаҳо аз даҳонаш сар дода буд, фурӯ бурд.17Ва аждаҳо ба зан дарғазаб пгуда, рафт, то бо боқии насли вай, ки аҳкоми Худоро риоят мекунанд ва шаҳодати Исои Масеҳро доранд, ҷанг кунад.