1ВА ба ман нае дода шуд, ки монанди асо буд, ва гуфта шуд: «Барҳез ва маъбади Худо ва қурбонгоҳро андоза намо ва касонеро, ки дар он ибодат мекунанд, бишумор;2«Вале рӯи ҳавлии маъбадро истисно бикун ва андоза накун, зеро ки он ба ҳалқҳо дода шудааст: онҳо шаҳри муқаддасро чилу ду моҳ поймрл ҳоҳанд кард.3«Ва ба ду шоҳиди Худ қудрате ато ҳоҳам кард, ва онҳо ҳазору дусаду шаст рӯз нубувват ҳоҳанд намуд, дар ҳолате ки палос дар бар карда бошанд».4Инҳо ду дараҳти заитун ва ду чароғдоне ҳастанд, ки дар пеши Худованди замин истодаанд.5Ва агар касе бихоҳад онҳоро озор диҳад, аз даҳонашон оташ баромада, душманони онҳоро меҳӯрад; ба ин тариқ, ҳар кӣ бихоҳад онҳоро озор диҳад, кушта мешавад.6Онҳо қудрат доранд осмонро бандубаст кунанд, то ки дар рӯзҳои нубувваташон ба замин борон наборад; ва бар обҳо кудрат доранд, ки онҳоро ба хун табдил диҳанд, ва заминро, ҳар вакте ки биҳоҳанд, ба ҳар гуна бало гирифтор кунанд.7Ва ҳангоме ки онҳо шаҳодати худро анҷом диҳанд, ҳайвони ваҳшие ки аз варта мебарояд, бо онҳо ҷангида, бар онҳо ғолиб хоҳад омад, ва онҳоро хоҳад кушт.8Ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаи шаҳри бузург, ки ба киноя Садӯм ва Миср ном дорад, ва дар он ҷо Худованди мо низ маслуб шудааст, вокеъ хоҳад буд.9Ва мардуми зиёде аз қавмҳо, ва сибтҳо, ва забонҳо,. ва қабилаҳо се ва ним рӯз ба ҷасадҳои онҳо назар хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт, ки ҷасадҳои онҳоро ба гӯр супоранд.10Ва сокинони ҷаҳон аз ин шод ва хурсанд шуда, ба якдигар инъомҳо хоҳанд фиркстод, чунки ин ду набӣ сокинони ҷаҳонро азият додаанд.11Валекин баъд аз се ва ним рӯз рӯҳи ҳаёт аз ҷониби Худо андаруни онҳо дохил шуд, ва ҳар дуяшон ба по бархостанд; ва касонеро, ки ба онҳо назар мекарданд, тарси азиме фаро гирифт.12Ва онҳо овози баланде аз осмон шуниданд, ки ба онҳо мегуфт: «Ба ин ҷо сууд кунед». Ва онҳо бар абр ба осмон сууд карданд; ва душмаконашон ба онҳо назар мекарданд.13Ва дар ҳамон соат заминҷунбии азиме рӯй дод, ва даҳьяки шаҳр фурӯ ғалтид, ва дар заминҷунбӣ ҳафт ҳазор одам нобуд шуд; ва боқимондагон ба ҳарос афтоданд ва Худои Осмонро ҳамду сано хонданд.14Мусибати дуюм гузашт; инак, мусибати сеюм ба зудй меояд.15Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанатхоҳад ронд».16Ва он бисту чор пир, ки дар пеши Худо бар тахтҳои худ нишастаанд, бар рӯи худ афтода, Худоро ибодат карданд.17Ва гуфтанд: «Туро шукр мегӯем, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ту ҳастй ва будй ва хоҳй омад, ва Ту бар тибқи қуввати бузурги Худ амал карда, бар тахти салтанат нишастй.18«Ва халқҳо дар қаҳр пгуданд; ва ғазаби Ту омад, ва. вақти он расид, ки мурдагонро доварӣ намой ва ба бандагони Худ, яъне ба анбиё ва муқаддасон ва касоне ки аз исми Ту метарсанд, ҳам ба хурдон ва ҳам ба бузургон подош диҳй ва нобудкунандагони заминро нобуд кунй».19Ва маъбади Худо дар осмон воз птуд, ва сандуқи аҳди Ӯ дар маъбади Ӯ зоҳир гардид; ва барқҳо ва садоҳо, ва раъдҳо ва заминҷунбй ва жолаи бузурге ба вуқӯъ омад.