1ВА фариштаи қавии дигаре дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва бо абре фаро гирифта шуда буд, рангинкамоне бар сараш буд ва рухсораш монанди офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин;2Дар дасташ китоби кушодае буд. Ва пои росташро бар баҳр гузошт, ва пои чапашро бар замин,3Ва бо овози баланд нидо кард, чунон ки шер наъра мекашад; ва ҳангоме ки вай нидо кард, ҳафт раъд бо садоҳои ҳуд сухан гуфтанд.4Ва ҳангоме ки ҳафт раъд бо садоҳои худ сухан гуфтанд, мехостам бинависам; Лекин овозе аз осмон шунидам, ки ба ман мегӯяд: «Он чи ҳафт раъд гуфтанд, мӯҳр зан ва инро нанавис».5Ва он фаришта, ки ӯро дидам бар баҳр ва бар замин истода буд, дасташро сӯи осмон бардошт,6Ва ба Ӯ, - ки то абад Зинда аст, ва осмон ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, офаридааст, - қасам ёд кард, ки дигар вақт нахоҳад буд,7Балки дар айеме ки садои фариштаи ҳафтум барояд, яъне вақге ки вай карнай навозад, сирри Худо анҷом ҳоҳад ёфт, чунон ки Ӯ ба бандагони Худ - анбиё башорат додааст.8Ва овозе ки аз осмон шунидам, боз ба ман сухан ронда, гуфт: «Бирав ва китоби кушодаро аз дасти фариштае ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир».9Ва назди фаришта рафта, бавайгуфтам: «Китобро ба ман деҳ». Гуфт: «Онро бигир ва бихӯр; он дар шикамат талх ҳоҳад шуд, аммо дар даҳонат мисли асал ширин ҳоҳад буд».10Ва китобро аз дасти фаришта гирифта, ҳӯрдам; ва он дар даҳонам мисли асал ширин буд; лекин вақте ки онро ҳӯрдам, шикамам талҳ шуд.11Ва ба ман гуфт: «Ту боз дар бораи қавмҳо, ва қабилаҳо, ва забонҳо, ва подшоҳони бисьёр бояд нубувват кунӣ».