Tajik

Revelation

9

1ФАРИШТАИ панҷум карнай навохт, ва ситораи аз осмон ба замин афтодаро дидам, ва ба вай калиди чоҳи варта дода шудааст:2Вай чоҳи вартаро воз кард, ва аз чоҳ дуде мисли дуди танӯри бузурге берун омад; ва офтоб ва ҳаво аз дуди чоҳ торик шуд.3Ва аз дуд бар замин малахҳо баромаданд, ва ба онҳо он кудрате дода шудааст, ки каждумҳои замин доранд.4Ва ба онҳо гуфта шудааст, ки ба алафи замин, ва ба ҳеҷ сабзае, ва ба ҳеҷ дарахте зарар нарасонанд, балки фақат ба одамоне ки бар пешонии шуд мӯҳри Худоро надоранд.5Ва ба онҳо ихтиёр дода шудааст, ки одамонро накушанд, балки фақат панҷ моҳ азоб диҳанд; ва азоби онҳо монанди азоби каждум аст, вақте ки одамро заҳр мезанад.6Дар он айём одамон толиби марг хоҳанд шуд, вале онро наҳоҳанд ёфт; мурданро орзу хоҳанд кард, вале мамот аз онҳо хоҳад гурехт.7Намуди он малахҳо монанди аспҳое буд, ки барои ҷанг ороста шуда бошанд; бар каллаҳошон гӯё ки тоҷҳои тиллое буд, ва рухсорҳошон мисли рухсорҳои одамон;8Ва мӯйҳошон мисли мӯйҳои занон, ва дандонҳошон мясли дандонҳои шер;9Ва ҷавшанҳошон мисли ҷавшанҳои оҳанин, ва садои болҳошон мисли тақартақари аробаҳои ҷангӣ, вақте ки аспҳои бисьёр ба корзор мераванд;10Онҳо думҳое доштанд мисли каждумҳо, ва дар думҳошон - нешҳо, ва қудраташон ин буд, ки ба одамон панҷ моҳ зарар расонанд.11Онҳо бар худ подшоҳе доштанд, ки фариштаи варта аст; номи он ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн аст.12Як мусибат гузашт; инак, аз қафои он боз ду мусибат меояд.13Фариштаи шашум карнай навохт, ва аз чор шохи қурбонгоҳи тилло, ки дар пеши Худо истода буд, овозе шунидам,14Ки ба фариштаи шашуми карнайдор мегуфт: «Он чор фариштаро, ки назди дарьёи бузурги Фурот дар қайду банд мебошанд, озод намо».15Ва он чор фаришта озод гардиданд, ки барои соат ва рӯз ва моҳ ва соли муайян тайёр пгуда буданд, то ки сеяки одамонро бикушанд.16Шумораи қӯшуни савора ду бевари беварҳо буд: ман шумораи онро шунидам.17Ба ҳамин тариқа ман дар рӯъё аспон ва саворони онҳоро дидам, ки ҷавшанҳое ба ранги оташ ва ёкути зард ва кибрит доштанд; каллаҳои аспон мисли каллаҳои шерон буд, ва аз даҳони онҳо оташ, дуд ва кибрит мебаромад.18Аз ин се бало, яъне оташ, дуд ва кибрит, ки аз даҳони онҳо мебаромад, сеяки одамон мурданд;19Зеро ки кудрати аспон дар даҳонашон ва дар думҳошон буд; ва думҳошон монанди морҳо буда, калла доштанд, ва ба воситаи онҳо осеб мерасондавд.20Ва боқии одамон, ки аз ин балоҳо намурда буданд, аз аъмоли дастҳои худ тавба накарданд, ва ибодати девҳо ва бутҳои тилло, нукра, мис, санг ва ҷӯбро, ки ба дидан, шунидан ва роҳ рафтан қодир нестанд, тарк нанамуданд.21Ва онҳо аз одамкушиҳо, ҷодугариҳо, зинокорӣ ва дуздиҳои худ тавба накарданд.