1ХДР шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд.2Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исьён кардааст; ва исьёнгарон гирифтори маҳкумият хоҳанд шуд.3Зеро ки ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳй аз ҳокимият тарсе надошта бошй? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хохи шуд;4Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунй, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст: вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад.5Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон итоат кардан лозим аст.6Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.7Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед: андозро - ба касе ки андоз меситонад; хироҷро - ба касе ки хироҷ мегирад; тарсро - ба касе ки лоиқи тарс аст; иззатро - ба касе ки шоистаи иззат аст.8Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кй каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст.9Зеро ки аҳкоми: "Зино накун", "Қатл накун", "Дуздӣ накун", "Шаҳодати дурӯғ надеҳ", "Тамаъ накун" ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: "Ёратро мисли худат дӯст дор" ҷамъбаст карда шудааст.10Муҳаббат ба ёр бадй намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.11Дар айни ҳол шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст.12Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.13Мисли он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ ва мастигарй, на бо шаҳватпарастй ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад;14Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.