Tajik

Romans

12

1ПАС, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;2Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.3Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато пгудааст, ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед.4Зеро, чунон ки дар як бадан андрми бисьёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд,5Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем;6Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем: агар атои нубувват дошта бошӣ, ба андозаи имон нубувват кун;7Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорй машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад;8Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кй бахшаида аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷидду ҷаҳд сардорй кунад; ҳар кй эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некй кунад.9Муҳаббати шумо бетзор бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некй бичаспед;10Якдитарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед;11Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; руҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед.12Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.13Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед.14Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед.15Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед.16Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.17Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед.18Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед.19Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: "Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд".20Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳй рехт.21Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.