1ПАС, ман мегӯям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз сибти Биньёмин ҳастам.2Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Навиштаҳо дар ҳикояти Ильёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда, мегӯяд:3"Худовандо! Анбиёи Туро онҳо куштанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд; танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд".4Аммо Худо ба ӯ чӣ ҷавобе дод? "Ҳафт ҳазор одамро, ки назди Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам".5Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст.6Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи аъмол нест, вагар на файз дигар файз нашуда мемонад. Ва агар мувофиқи аъмол бошад, пас ин дигар файз нест, вагар на ачал дигар амал нашуда мемонад.7Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки толиб буд, ба даст наовард. Аммо баргузидагон ба даст оварданд, ва касони боқй сангдил шуданд,8Чунон ки навишта шудааст: "Худо ба онҳо рӯҳи хоби гаронро дод, ва чашмоне ки намебинанд, ва гӯшҳое ки то имрӯз намешунаванд".9Довуд низ мегӯяд: "Бигзор суфраи онҳо барои сазояшон ба доме, капқоне ва тузоқе мубаддал гардад;10Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд, ва тахтапушти онҳо абадан хам шавад".11Пас, ман мегӯям: оё онҳо то ба дараҷае пешпо хӯрдаанд, ки фурӯ ғалтанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Аммо аз пешпохӯрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то ки рашки онҳоро ба вуҷуд оварад.12Ва агар пещпохӯрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бощад, камоли онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахщ хоҳад буд!13Ба шумо, эй халқҳо, мегӯям: ҳамчун ҳаввории халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам:14Ба умеди он ки рашки онҳоеро, ки ба ҳасби ҷисм ба ман наздиканд, ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам.15Зеро, агар радшавии онҳо мусолиҳаи ҷаҳон шуда бощад, пас қабулшавии онҳо, ба ҷуз эҳьё аз мурдагон, чй хоҳад буд?16Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ мукаддас аст; ва агар реща муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.17Аммо агар баъзе аз шохаҳо пшкаста чудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, ба ҷои онҳо паиванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бощӣ, -18Пас назди он шохаҳо мағрур машав; ва агар мағрур шавй, бидон, ки ту решаро нигоҳ надоштаӣ, балки реша туро нигоҳ дощтааст.19Ту хоҳӣ гуфт: "Шохаҳо щикаста ҷудо шудаанд, то ки ман пайванд шавам".20Бале. Онҳо ба сабаби беимонӣ щикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ғурур макун, балки битарс.21Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон нахоҳад дод.22Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода чудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳи шуд.23Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад.24Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбой бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни худ пайванд хоҳанд шуд.25Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вакте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд,26Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чунон ки навишта шудааст: "Аз Сион Раҳокунанда хоҳад омад ва маъсиятро аз Яъқуб дафъ хоҳад кард;27"Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо дар замоне ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам".28Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо; лекин ба сабаби интихоб, онҳо маҳбубанд ба хотири падарон;29Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тагьирнопазир аст.30Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат нақардед, вале алҳол, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед, -31Хдмчунин онҳо низ ҳоло итоат накарданд, то ки худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд.32Зеро ки Худо ҳамаро ба беитоатӣ дучор овардааст, то ки ҳамаро марҳамат кунад.33Зиҳй умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чй қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!34Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?35Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошащро ба вай баргардонад?36Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.