Tajik

Romans

10

1ЭЙ бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.2Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм.3Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;4Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.5Мусо дар бораи адолате ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: "Ҳар кй онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист".6Аммо адолате ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: "Кӣ ба осмон сууд мекунад?"» - барои он ки Масеҳро поён фурорад.7Ё: "Кӣ ба варта нузул мекунад?" - барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад.8Аммо вай чӣ мегӯяд? "Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст", яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.9Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт;10Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст.11Зеро Навиштаҳо мегӯяд: "Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд".12Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ӯро мехонанд, сарватманд аст.13Зеро "ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт".14Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?15Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: "Чӣ гуна зебост лойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагй башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!"16Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: "Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?"17Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи каломи Худост.18Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: "Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дуньё расид".19Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегӯяд: "Ман ба воситаи он чи қавм нест, рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳм шуморо ба хашм хоҳам овард".20Ва Ишаъё далерона мегӯяд: "Касоне Маро ёфтанд, ки толиби Ман набуданд, ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷӯёи Ман набуданд".21Аммо дар бораи Исроил Ӯ мегӯяд: "Тамоми рӯз дастҳои Худро суи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам".